https://sputnik.tj/20251217/lukashenko-idomai-buhroni-ukraina-tahdid-ba-jangi-jahoni-ast--1073874499.html
Лукашенко: Идомаи бӯҳрони Украина таҳдид ба ҷанги ҷаҳонӣ аст
Лукашенко: Идомаи бӯҳрони Украина таҳдид ба ҷанги ҷаҳонӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Белорус боварӣ дорад, ки, ки идомаи бӯҳрон дар Украина ин таҳдид ба ҷанги ҷаҳонӣ аст
2025-12-17T12:49+0500
2025-12-17T12:49+0500
2025-12-17T12:49+0500
русия
дар русия
украина
амалиёти вижа
ҷанги сеюми ҷаҳон
александр лукашенко
белорус
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/11/1073875603_0:0:3179:1788_1920x0_80_0_0_b8d04ce55936280749f3b10f6bd67d4c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек - Sputnik. Александр Лукашенко, президенти Беларус, изҳор дошт, ки идомаи низоъ дар Украина метавонад ба ҷанги ҷаҳонӣ бо истифода аз тамоми силоҳҳои мавҷуда расонад."Бигзор бори дигар такрор кунам, идомаи ин ҷанг метавонад ба ҷанги ҷаҳонӣ, як низои ҷаҳонӣ оварда расонад ва мо бояд аз ин пешгирӣ кунем, зеро дар ин ҷанг аз ҳама намуди силоҳ истифода мешавад", - гуфт Лукашенко дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии амрикоии Newsmax TV.Бо президент Грета Конвей Ван Састерен, муҷрии телевизиони Newsmax, ҳамсари фиристодаи махсуси ИМА дар Беларус Ҷон Коул, ки раҳбари Беларус бо ӯ рӯзҳои 12 ва 13 декабр дар Минск мулоқот карда буд, мусоҳиба анҷом дод.Амалиёти вижа дар УкраинаРусия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20251216/majbur-mekunand-kiev-taslimshavi-izhorot-1073860274.html
русия
украина
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/11/1073875603_283:0:3014:2048_1920x0_80_0_0_a83e9a300f9827446cff4ff86eec70f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, низоъ, лукашенко, белорус, ҷанги ҷаҳонӣ
русия, украина, амалиёти вижа, низоъ, лукашенко, белорус, ҷанги ҷаҳонӣ
Лукашенко: Идомаи бӯҳрони Украина таҳдид ба ҷанги ҷаҳонӣ аст
Раисҷумҳури Белорус боварӣ дорад, ки, ки идомаи бӯҳрон дар Украина ин таҳдид ба ҷанги ҷаҳонӣ аст
ДУШАНБЕ, 17 дек - Sputnik. Александр Лукашенко, президенти Беларус, изҳор дошт, ки идомаи низоъ дар Украина метавонад ба ҷанги ҷаҳонӣ бо истифода аз тамоми силоҳҳои мавҷуда расонад.
"Бигзор бори дигар такрор кунам, идомаи ин ҷанг метавонад ба ҷанги ҷаҳонӣ, як низои ҷаҳонӣ оварда расонад ва мо бояд аз ин пешгирӣ кунем, зеро дар ин ҷанг аз ҳама намуди силоҳ истифода мешавад", - гуфт Лукашенко дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии амрикоии Newsmax TV.
Бо президент Грета Конвей Ван Састерен, муҷрии телевизиони Newsmax, ҳамсари фиристодаи махсуси ИМА дар Беларус Ҷон Коул, ки раҳбари Беларус бо ӯ рӯзҳои 12 ва 13 декабр дар Минск мулоқот карда буд, мусоҳиба анҷом дод.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.