Ҳаракати барқарор мешавад: Сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвон маълум шуд

© Foto / Министерство транспорта в РТПоезд в Таджикистане, архивное фото
Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2025
Обуна шудан
Мақомот сабаби садамаи қаторро дар вилдояти Хатлон боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой медонад
ДУШАНБЕ, 17 дек - Sputnik. Локомотиве, ки ба самти ноҳияи Ёвон сӯзишворӣ мебурд, бар асари нарм шудани хоки зери роҳи оҳан чаппа шуд.
Намояндагони Роҳи оҳани Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон сабабҳои садамаро ошкор карданд.
“Маъмулан ин вазъ ба кушод шудани шпал (оҳан) – ҳои хатти оҳан вобаста аст, ки чун афзуд, кушод мегардад ва локомотив аз релс ҷудо мешавад. Ин дафъа ин вазъ дар пайи кӯчидани замини таги релс ба вуқуъ пайваст. Локомотив ва вагон аз хат хориҷ шуда, чаппа шуданд ва оташ сар зад”, - гуфт манбаъ.
Тибқи стандартҳои роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), паҳнои роҳи оҳан 1520 сантиметр аст.
Қайд карда шуд, ки айни замон оқибатҳои садама бартараф карда шуда, ҳаракати роҳи оҳан барқарор карда мешавад ва касе осеб надидааст.
"Ҳодисаҳои мушобеҳ қаблан низ рух дода буданд ва ин як ҳолати муқаррарӣ аст. Боиси хушнудист, ки талафоти ҷонӣ вуҷуд надошт", - афзуд ин созмон.
Вай афзуд, ки бо вуҷуди ин, ин ҳодиса пурра тафтиш карда мешавад ва дар сурати ошкор шудани ягон камбудӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0