Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Белоусов: НАТО омодагиро барои ҷанг бо Русия идома медиҳад

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Андрей Белоусов выступает на расширенном заседании коллегии Министерства обороны РФ
Министр обороны РФ Андрей Белоусов выступает на расширенном заседании коллегии Министерства обороны РФ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2025
Обуна шудан
Вазири дифои Русия изҳор дошт, ки НАТО омодагиро барои ҷанг бо Русия идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 17 дек - Sputnik. Андрей Белоусов, вазири дифои Русия дар ҷаласаи васеъшудаи Шӯрои Вазорати дифоъ, изҳор дошт, ки афзоиши буҷаи низомии НАТО нишон медиҳад, ки ин паймон барои ҷанг бо Русия омодагӣ мебинад.
Ӯ қаблан қайд карда буд, ки буҷаи низомии ин паймон 1,6 триллион долларро ташкил медиҳад ва бо афзоиши тадриҷии то панҷ фоизи ММД-и миллӣ, буҷаи НАТО беш аз 50% афзоиш ёфта, ба 2,7 триллион доллар мерасад.
"Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки НАТО барои задухӯрди низомӣ бо Русия омодагӣ мебинад. Паймон то солҳои 2030-ум омодагӣ мебинанд. Мақомоти НАТО инро борҳо ва ошкоро изҳор кардаанд", - гуфт Белоусов.
Вазири дифоъи Русия эълон кард, ки НАТО ба тақвияти нерӯҳои эътилофии худ, аз ҷумла навсозии инвентаризатсияи лавозимоти ҳастаии худ, идома медиҳад.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков на встрече президента РФ Владимира Путина и президента Ирана Масуда Пезешкиана в Ашхабаде. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков гуфт дар бораи мавқеи Русия дар масъалаи нерӯҳои хориҷӣ дар Украина
"Атлантикаи Шимолӣ ба тақвияти нерӯҳои эътилофии худ идома медиҳад. Омодагиҳои фаъол барои ҷойгиркунии мушакҳои миёнапарвоз идома доранд. Инвентаризатсияи лавозимоти ҳастаӣ навсозӣ шудааст", - гуфт ӯ дар ҷаласаи васеъшудаи ҳайати мушовараи Вазорати дифоъи Русия.
Белоусов афзуд, ки НАТО инчунин падофанди ҳавоӣ ва мушакии худро навсозӣ мекунад ва системаи ҷойгиркунии сафарбаркунии худро тағйир медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0