https://sputnik.tj/20251216/maqomot-sababi-sadamai-qatori-yovonro-sharh-1073829943.html
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ дод
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот сабаби садамаи қаторро дар вилдояти Хатлон боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой медонад
2025-12-16T09:36+0500
2025-12-16T09:36+0500
2025-12-16T09:36+0500
дар тоҷикистон
садама
қатор
хатлон
ёвон
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0f/1073830391_0:199:3076:1929_1920x0_80_0_0_db475e7ed54f3289753dbcfa9aa17395.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз садамаи як қатори боркаш дар қаламрави ноҳияи Ёвон хабар дод.“Бино ба гузориши расида дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Норин, деҳаи Зафар ҳангоми ҳаракати қатори боркаш дар роҳи оҳане, ки аз Бохтар ба самти Ёвон дар ҳоли ҳаракат буд, дучори садама гардид”, - қайд кардааст КҲФ.Манбаъ сабаби онро боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой медонад, ки аз назди он роҳи оҳан убур мекунад.“Ин қатор, ки боркаш буд, баногаҳ аз хати роҳи оҳан хориҷ шудааст”, - зикр кардааст КҲФ.Хабар дода шудааст, ки айни замон аз тарафи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳия ва наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар ҳайати 6 нафар дар ҷои ҳодиса фаъолият намуда истодаанд.Ёдовар мешавем, ки ахиран дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон як қаторае, ки сӯзишворӣ мекашонд, ба садама дучор шуд.Аксу видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд дида мешавад, як қатор чаппа шуда, оташ гирифтааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/44412
ёвон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0f/1073830391_345:0:3076:2048_1920x0_80_0_0_e57d7062a16ff6657f216dc267be458d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ёвон, хатлон, садама, кҳф. шарҳ, сабаби ,
тоҷикистон, ёвон, хатлон, садама, кҳф. шарҳ, сабаби ,
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ дод
Мақомот сабаби садамаи қаторро дар вилдояти Хатлон боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой медонад
ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз садамаи як қатори боркаш дар қаламрави ноҳияи Ёвон хабар дод.
“Бино ба гузориши расида дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Норин, деҳаи Зафар ҳангоми ҳаракати қатори боркаш дар роҳи оҳане, ки аз Бохтар ба самти Ёвон дар ҳоли ҳаракат буд, дучори садама гардид”, - қайд кардааст КҲФ.
Манбаъ сабаби онро боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой медонад, ки аз назди он роҳи оҳан убур мекунад.
“Ин қатор, ки боркаш буд, баногаҳ аз хати роҳи оҳан хориҷ шудааст”, - зикр кардааст КҲФ.
Хабар дода шудааст, ки айни замон аз тарафи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳия ва наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар ҳайати 6 нафар дар ҷои ҳодиса фаъолият намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон як қаторае, ки сӯзишворӣ мекашонд, ба садама дучор шуд.
Аксу видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд дида мешавад, як қатор чаппа шуда, оташ гирифтааст.