Ҳифзи генофонд: Тоҷикистон истеҳсолу истифодаи сигорҳои электрониро манъ мекунад

© Sputnik / Константин МихальчевскийМолодой человек курит вейп
Молодой человек курит вейп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2025
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллиро вазифадор намуданд, ки қонунгузории кишварро дар ин самт мавриди таҳлил қарор диҳанд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум дар бораи қонунан манъи истифода, тавлид ва воридоти вейпҳо ё сигорҳои электронӣ супориш дода шуд.
Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа зикр намуданд, ки вақтҳои охир дар байни сокинони кишвар, бахусус, насли наврас ҳолатҳои истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ ба мушоҳида мерасад.
Вай гуфт, ин вазъ боиси нигаронии ҷиддии мақомот шудааст.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи генофонди миллат ва пешгирии оқибатҳои манфии истифодаи сигорҳои электронӣ (вейп) ба саломатии аҳолӣ, бахусус, ҷавонону наврасон, вобаста ба манъи истифода, истеҳсол ва муомилоти сигорҳои электронӣ дар қонунгузории миллӣ, ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ дастури мушаххас дод.
“Таҳқиқоти илми тиб собит намудааст, ки истифодаи мунтазами сигорҳои электронӣ барои саломатии инсон, бахусус, ҷавонону наврасон зараровар буда, ба зиёдшавии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва шуш, аз ҷумла саратон оварда мерасонад”, - гуфт Рустам Эмомалӣ.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллиро вазифадор намуд, ки қонунгузории кишварро дар ин самт мавриди таҳлил қарор диҳанд.
Курение в общественных местах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2019
Волидайни кӯдакони сигоркаш ҷазо дода мешаванд
Вай аз кумитаҳои дахлдор талаб кард, ки дар бораи манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Лентаи хабарҳо
0