Боздошти ду ҷавон дар Душанбе барои фурӯши миқдори калони маводи пиротехникӣ

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузариш ба медиабонкПродажа пиротехники в Краснодаре
Продажа пиротехники в Краснодаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2025
Обуна шудан
Бо наздик шудани Соли нав "шикор" - и хлопушкафурӯшон низ дар Тоҷикистон оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 14 дек - Sputnik. Дар Душанбе ду ҷавон барои ба фурӯш гузоштани миқдори махсусан калон, маводҳои пиротехникӣ боздошт шуданд.
Бино ба гузориши Раёсати ВКД дар пойтахт, зимни санҷиш аз номбурдагон дар маҷмӯъ беш аз 174-ҳазор дона маводҳои тарфгарӣ дарёфт ва мусодира шудааст.
Маводҳои тарфгарӣ бо номи "Трения" будаанд.
© Хадамоти матбуотии Раёсати ВКД ДушанбеБоздошти ҷавон барои фурӯши маводи пиротехникӣ
Боздошти ҷавон барои фурӯши маводи пиротехникӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2025
Боздошти ҷавон барои фурӯши маводи пиротехникӣ
Манбаъ афзуда, ки ҳамакнун алайҳи боздоштшудаҳо парванда боз ва тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки воридот ва фурӯши маводи пиротехникӣ ба Тоҷикистон аз соли 2008 манъ аст.
Барои ин ҷарима аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисоб ё 2 соли зиндон таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0