https://sputnik.tj/20251213/mishustin-asorhoi-milli-tijorati-iiao-rekord-1073759158.html
Мишустин: Саҳми асъорҳои миллӣ дар тиҷорати кишварҳои узви ИИАО ба 93% расид
Мишустин: Саҳми асъорҳои миллӣ дар тиҷорати кишварҳои узви ИИАО ба 93% расид
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Русия гуфт, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) тағйироти назаррасро дар ҳисоббаробаркуниҳои худ аз сар гузаронидааст
2025-12-13T11:31+0500
2025-12-13T11:31+0500
2025-12-13T11:31+0500
ииао
русия
дар русия
ҳамкорӣ
иқтисод
пули миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0c/1073759826_0:224:3116:1977_1920x0_80_0_0_85236e87427aafab5d6b37d3a58e3099.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Дар дохили Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё афзоиши назарраси истифодаи асъорҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ба қайд гирифта шудааст.Ба гуфтаи сарвазири Русия Михаил Мишустин, ин муомилоти асъорҳои миллӣ дар киварҳои ИИАО ҳоло ба 93% расидааст.Вай гуфт, ин натиҷа бо як қатор чораҳое, ки кишварҳои узв дар соли гузашта андешидаанд, имконпазир гардид.Дар аввали соли 2025, кишварҳои узви ИИАО созишномаеро имзо карданд, ки тибқи он кишварҳо имкони ҷойгир кардани коғазҳои қиматнок дар биржаҳои ҳар як давлати узвро пайдо карданд.Ин қарор ба ширкатҳо имкон дод, ки платформаҳои савдои худро озодона интихоб кунанд.Ин имкон дод, ки пардохтпазирӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва ҳамчунин дастрасиро ба сармоя барои тиҷорат дар саросари иттиҳод содда кард.Оқои Мишустин қайд кард, ки "кишварҳои узви ИИАО соли гузаштаро бо натиҷаҳои хуб анҷом доданд, чун нишондиҳандаҳои асосӣ рушдро нишон медиҳанд.Мишустин ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), истеҳсоли саноатӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва гардиши чаканаи иттиҳод таъкид кард.Ҳамчунин вай таъкид кард, ки таваҷҷӯҳ ба густариши тиҷорат бо кишварҳои берун аз иттиҳод низ афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20251212/mishustin-oghoz-tatbiq-sozishnoma-tijorat-iiao-eron-1073726708.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0c/1073759826_72:0:2803:2048_1920x0_80_0_0_4121ef6cdb14f4305975e5d07b082fa2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, авруосиё. ҳамкорӣ, муомилорти пул, иқтисод, молия, сарвазир
русия, ииао, авруосиё. ҳамкорӣ, муомилорти пул, иқтисод, молия, сарвазир
Мишустин: Саҳми асъорҳои миллӣ дар тиҷорати кишварҳои узви ИИАО ба 93% расид
Сарвазири Русия гуфт, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) тағйироти назаррасро дар ҳисоббаробаркуниҳои худ аз сар гузаронидааст
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Дар дохили Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё афзоиши назарраси истифодаи асъорҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи сарвазири Русия Михаил Мишустин, ин муомилоти асъорҳои миллӣ дар киварҳои ИИАО ҳоло ба 93% расидааст.
Вай гуфт, ин натиҷа бо як қатор чораҳое, ки кишварҳои узв дар соли гузашта андешидаанд, имконпазир гардид.
Дар аввали соли 2025, кишварҳои узви ИИАО созишномаеро имзо карданд, ки тибқи он кишварҳо имкони ҷойгир кардани коғазҳои қиматнок дар биржаҳои ҳар як давлати узвро пайдо карданд.
Ин қарор ба ширкатҳо имкон дод, ки платформаҳои савдои худро озодона интихоб кунанд.
Ин имкон дод, ки пардохтпазирӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва ҳамчунин дастрасиро ба сармоя барои тиҷорат дар саросари иттиҳод содда кард.
Оқои Мишустин қайд кард, ки "кишварҳои узви ИИАО соли гузаштаро бо натиҷаҳои хуб анҷом доданд, чун нишондиҳандаҳои асосӣ рушдро нишон медиҳанд.
Мишустин ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), истеҳсоли саноатӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва гардиши чаканаи иттиҳод таъкид кард.
Ҳамчунин вай таъкид кард, ки таваҷҷӯҳ ба густариши тиҷорат бо кишварҳои берун аз иттиҳод низ афзоиш ёфтааст.