Сафари Владимир Путин ба Ишқобод: видео

Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин барои боздид аз пойтахти Туркманистон, ба Ишқобод рафт
Дар Ишқобод, президенти Русия Владимир Путин дар форуме бахшида ба Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, Рӯзи байналмилалии бетарафии Туркманистон ва 30-умин солгарди бетарафии доимии Туркманистон иштирок хоҳад кард.
Тибқи иттилои вебсайти Кремл, дар давоми сафари дурӯзаи худ, раҳбари Русия як қатор мулоқоти дуҷониба бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ анҷом хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр Путин ба Тоҷикистон сафар карда буд. Ӯ дар нишасти сарони ИДМ ширкат варзид; сафар панҷ рӯз давом кард.
Моҳи ноябр бошад, раҳбари Русия ба Қирғизистон сафар кард, ки дар он ҷо роҳбарон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Бишкек ҷамъ омаданд.
Лентаи хабарҳо
0