https://sputnik.tj/20251210/zelenskiy-etirof-ukraina-payvastan-nato-1073687952.html
Зеленский эътироф кард, ки Украина имкони пайвастан ба НАТО-ро надорад
Зеленский эътироф кард, ки Украина имкони пайвастан ба НАТО-ро надорад
Sputnik Тоҷикистон
Ӯ изҳор дошт, ки як қатор кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, ба пайвастани Украина ба иттиҳод мухолифанд
2025-12-10T15:34+0500
2025-12-10T15:34+0500
2025-12-10T15:34+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
амалиёти вижа
украина
владимир зеленский
нато
интихобот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0a/1073683002_0:93:3071:1820_1920x0_80_0_0_f9760e85b95d117bfd7ccb104d7bdadd.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Раҳбари режими Киев Владимир Зеленский қайд кард, ки айни замон кишвар имкони пайвастан ба Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро надорад.Дар ин бора нашрияи "Страна" хабар додааст."Мо воқеъбин ҳастем. Мо воқеан мехоҳем ба НАТО ҳамроҳ шавем - ин одилона аст. Аммо мо дақиқи медонем, ки на Иёлоти Муттаҳида ва на якчанд кишварҳои дигар Украинаро ҳанӯз дар иттиҳод намебинанд. Ва албатта, Русия моро ҳеҷ гоҳ дар он ҷо намебинад", - қайд кард Зеленский.Ғайр аз ин, ӯ омодагии худро барои баргузории интихобот дар Украина бо кумаки дигар кишварҳо изҳор дошт.Ба гуфтаи Зеленский, раванди омодагӣ ба овоздиҳӣ 60-90 рӯзро дар бар мегирад.Қаблан, раиси Комиссияи марказии интихоботии Украина, Олег Диденко, низ изҳор дошт, ки ташкили интихобот пас аз анҷоми амалиёти вижа беш аз се моҳ вақтро талаб мекунад.Намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба ҷиноятҳои режими Киев Родион Мирошник дар посух ба изҳороти Зеленский дар бораи баргузории овоздиҳӣ гуфт, ба ниятҳои ӯ бовар надорад."Фиреби такаббурона ва тақаллуби қоидаҳо услуби анъанавии ҳаҷвнигори украинӣ аст. Агар Зеленский барои интихобот омода мебуд, беш аз яку ним сол пеш дар мӯҳлати муқарраршудаи қонунӣ ширкат мекард, на ин ки ҳамчун як раҳбари ғасбкор ва ғайриқонунӣ дар қудрат бимонад", - таъкид кард Мирошник.Қаблан, президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки мақомоти Украина аз ҳолати низомӣ ҳамчун баҳона барои пешгирӣ аз интихоби раҳбари давлат истифода мебаранд.
https://sputnik.tj/20251210/lavrov-rusiya-istiqrori-neruhoi-khoriji-ukraina-posukh-1073685595.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0a/1073683002_261:0:2992:2048_1920x0_80_0_0_667747f8f4c73eb8dfbb5f6586d2b6f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, зеленский, амалиёти вижа, нато, интихобот, русия,
украина, зеленский, амалиёти вижа, нато, интихобот, русия,
Зеленский эътироф кард, ки Украина имкони пайвастан ба НАТО-ро надорад
Ӯ изҳор дошт, ки як қатор кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, ба пайвастани Украина ба иттиҳод мухолифанд
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Раҳбари режими Киев Владимир Зеленский қайд кард, ки айни замон кишвар имкони пайвастан ба Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро надорад.
Дар ин бора нашрияи "Страна" хабар додааст.
"Мо воқеъбин ҳастем. Мо воқеан мехоҳем ба НАТО ҳамроҳ шавем - ин одилона аст. Аммо мо дақиқи медонем, ки на Иёлоти Муттаҳида ва на якчанд кишварҳои дигар Украинаро ҳанӯз дар иттиҳод намебинанд. Ва албатта, Русия моро ҳеҷ гоҳ дар он ҷо намебинад", - қайд кард Зеленский.
Ғайр аз ин, ӯ омодагии худро барои баргузории интихобот дар Украина бо кумаки дигар кишварҳо изҳор дошт.
Ба гуфтаи Зеленский, раванди омодагӣ ба овоздиҳӣ 60-90 рӯзро дар бар мегирад.
Қаблан, раиси Комиссияи марказии интихоботии Украина, Олег Диденко, низ изҳор дошт, ки ташкили интихобот пас аз анҷоми амалиёти вижа беш аз се моҳ вақтро талаб мекунад.
Намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба ҷиноятҳои режими Киев Родион Мирошник дар посух ба изҳороти Зеленский дар бораи баргузории овоздиҳӣ гуфт, ба ниятҳои ӯ бовар надорад.
"Фиреби такаббурона ва тақаллуби қоидаҳо услуби анъанавии ҳаҷвнигори украинӣ аст. Агар Зеленский барои интихобот омода мебуд, беш аз яку ним сол пеш дар мӯҳлати муқарраршудаи қонунӣ ширкат мекард, на ин ки ҳамчун як раҳбари ғасбкор ва ғайриқонунӣ дар қудрат бимонад", - таъкид кард Мирошник.
Қаблан, президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки мақомоти Украина аз ҳолати низомӣ ҳамчун баҳона барои пешгирӣ аз интихоби раҳбари давлат истифода мебаранд.