https://sputnik.tj/20251210/tojikiston-sverdlovski-rusiya-iktishofi-geologi-hamkori-1073665108.html
Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Русия дар бахши иктишофи геологӣ ҳамкорӣ мекунанд
Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Русия дар бахши иктишофи геологӣ ҳамкорӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати ин минтақаи Русия ба мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ дар бахши иктишофи геологӣ пешниҳод кардааст
2025-12-10T09:36+0500
2025-12-10T09:36+0500
2025-12-10T09:36+0500
дар тоҷикистон
саноат
геология
русия
свердловск
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/09/1073659720_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_82aeca1074402acdfd3ee4982894d865.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Ҳамкории мутақобилан судманди вилояти Свердловски Русия ва Тоҷикистон дар Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Душанбе баррасӣ шуд.Дар ин бора рӯзномаи "Областная газета" дар истинод ба изҳороти Департаменти сиёсати иттилоотии вилояти Свердловск хабар дод.Вячеслав Ярин, вазири муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷии ин минтақаи Русия, дар бораи масъалаҳои баррасишуда дар форум изҳори назар кард.Дар баробари дигар масъалаҳо, корҳои муштарак дар истихроҷ ва коркарди маъданҳо, инчунин ҷустуҷӯи геологӣ баррасӣ шуданд.Ҳамчунин ба автоматикунонии саноат ва маориф, аз ҷумла омӯзиши кадрҳо дар муассисаҳои таълимии вилояти Свердловск ва таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ бо Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.Қайд карда мешавад, ки Ярин мақомоти ҷумҳуриро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии INNOPROM, ки аз 6 то 9 июли соли 2026 дар Екатеринбург баргузор мешавад, даъват кард.Дар натиҷаи мулоқот дар форум як ёддошт дар бораи рушди робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ байни Вазорати муносибатҳои байналмилалии иқтисодии вилояти Свердловск ва Маркази тиҷоратии рушди иқтисодии Ассотсиатсияи ИДМ ба имзо расид.Созишномаро Вячеслав Ярин ва директори генералии ассотсиатсия Вадим Ганин имзо карданд. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маросими ба имзорасонии санад ширкат варзид.Тибқи шартҳои ёддошт, ҷонибҳо муносибатҳоро дар соҳаҳои иқтисод, технология ва инноватсия тақвият хоҳанд дод.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/47663
русия
свердловск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/09/1073659720_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_ebbac391c847dd8c7efba99a5b77c6ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, свердловс, русия, ҳамкорӣ, геологӣ, иктишофӣ, равобит,
тоҷикистон, свердловс, русия, ҳамкорӣ, геологӣ, иктишофӣ, равобит,
Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Русия дар бахши иктишофи геологӣ ҳамкорӣ мекунанд
Ҳукумати ин минтақаи Русия ба мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ дар бахши иктишофи геологӣ пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Ҳамкории мутақобилан судманди вилояти Свердловски Русия ва Тоҷикистон дар Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Душанбе баррасӣ шуд.
Дар ин бора рӯзномаи "Областная газета" дар истинод ба изҳороти Департаменти сиёсати иттилоотии вилояти Свердловск хабар дод.
Вячеслав Ярин, вазири муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷии ин минтақаи Русия, дар бораи масъалаҳои баррасишуда дар форум изҳори назар кард.
"Ҳайати тиҷоратии минтақаи мо барои пешниҳоди як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи маъданҳои кӯҳӣ, ба Душанбе омад", - гуфт Ярин.
Дар баробари дигар масъалаҳо, корҳои муштарак дар истихроҷ ва коркарди маъданҳо, инчунин ҷустуҷӯи геологӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин ба автоматикунонии саноат ва маориф, аз ҷумла омӯзиши кадрҳо дар муассисаҳои таълимии вилояти Свердловск ва таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ бо Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Қайд карда мешавад, ки Ярин мақомоти ҷумҳуриро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии INNOPROM, ки аз 6 то 9 июли соли 2026 дар Екатеринбург баргузор мешавад, даъват кард.
Дар натиҷаи мулоқот дар форум як ёддошт дар бораи рушди робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ байни Вазорати муносибатҳои байналмилалии иқтисодии вилояти Свердловск ва Маркази тиҷоратии рушди иқтисодии Ассотсиатсияи ИДМ ба имзо расид.
Созишномаро Вячеслав Ярин ва директори генералии ассотсиатсия Вадим Ганин имзо карданд. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маросими ба имзорасонии санад ширкат варзид.
Тибқи шартҳои ёддошт, ҷонибҳо муносибатҳоро дар соҳаҳои иқтисод, технология ва инноватсия тақвият хоҳанд дод.