Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Наришкин: Русия дар қиёс ба Ғарб ба тағйири режимҳо машғул нест

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкДиректор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин на торжественном мероприятии по случаю празднования Дня Героев Отечества.
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин на торжественном мероприятии по случаю празднования Дня Героев Отечества.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2025
Обуна шудан
Раиси сервиси иттилооти хориҷии Русия гуфт, кишвараш дар қиёс бо кишварҳои Ғарб ба умури дохилии дигар кишварҳо дахолат намекунад
ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Сергей Наришкин, Раиси сервиси иттилооти хориҷии Русия, изҳор дошт, ки кишвараш ба умури дохилии дигар кишварҳо дахолат намекунад ва дар қиёс ба Ғарб, ба тағйири режим машғул нест.
"Дар ин ҷо ман мехоҳам як афсонаи паҳншударо низ рад кунам: гӯё мақомоти иктишофӣ гӯё мехоҳанд ба дастгоҳи давлатӣ, ниҳодҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишварҳои Ғарб ворид шаванд, то заъфҳоро муайян кунанд ва нақшаҳоеро барои коҳиш додани онҳо барои аз байн бурдани рақибони пурқудрат омода кунанд. Албатта, ин дуруст нест. Русия ба корҳои дохилии дигар кишварҳо дахолат намекунад ва дар қиёс ба Ғарб, ба тағйири режим машғул нест", - навиштааст Наришкин дар мақолае барои маҷаллаи "Разведчик".
Сергей Наришкин, ҳамчунин дар бораи имкони гӯш кардани телефонҳои мақомоти Украина, гуфт, ки ниҳодҳои иктишофии Русия дар доираи қонун фаъолият мекунанд ва афзуд, ки ин мавзӯъ ҳассос аст.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров выступает во время Правительственного часа в Совете Федерации РФ.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров дар бораи тамосҳо бо ИМА дар робита ба ҳалли низоъ дар Украина хабар дод
Қаблан, Кирилл Буданов*, раиси Идораи кулли иттилоотии Украина, иддао карда буд, ки сӯҳбатҳои телефонии мақомоти аршади Русияро гуш мекунанд.
"Ҳар як ниҳоди Русия, аз ҷумла хадамоти иктишофӣ, дар доираи ваколатҳое, ки аз ҷониби санадҳои ҳуқуқӣ ва умуман қонунгузории Русия ба онҳо дода шудаанд, амал мекунад. Ва мавзӯъе, ки шумо ба он ишора кардед, хеле ҳассос аст", - гуфт Наришкин.
* - Росфинмониторинг ӯро ба рӯйхати экстремистҳо ва террористҳо шомил кардааст.
Лентаи хабарҳо
0