Вазорати саноати Ҳиндустон: Оғози музокирот бо ИИАО мувозинати тиҷоратро таъмин мекунад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкМонумент "Ворота Индии" в Нью-Дели.
Монумент Ворота Индии в Нью-Дели. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2025
Обуна шудан
Ба ақидаи ин ниҳод, минтақаи озоди тиҷоратӣ нақши корхонаҳои хурду миёнаро боз ҳам тақвият дода, имкониятҳои навро дар соҳаҳои гуногун фароҳам месозад
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Оғози музокирот дар бораи минтақаи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Ҳиндустон имкониятҳои навро фароҳам месозанд.
Дар ин бора Пиюш Гоял, вазири тиҷорат ва саноати Ҳиндустон, изҳор дошт.
"Оғози музокироти дар бораи минтақаи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Ҳиндустон мувозинати минбаъдаи тиҷоратро таъмин мекунад, нақши корхонаҳои хурду миёнаро тақвият медиҳад ва имкониятҳои навро дар бахшҳои гуногун фароҳам месозанд", - гуфт ӯ.
Вай бахши истеҳсолот, кишоварзӣ, электроника, нассоҷӣ ва дорусозиро дар байни соҳаҳои умедбахш ном бурд.
Государственный визит президента РФ Владимира Путина в Индию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2025
Путин аҳамияти созишномаи тиҷоратӣ байни Ҳиндустон ва ИИАО -ро қайд кард
Дар ҷараёни 22-юмин саммити Русия ва Ҳиндустон, ки 8-9 июли соли 2024 дар Маскав, зимни сафари Моди ба Русия баргузор шуд, изҳороти муштарак ба имзо расид. Дар он, аз ҷумла, гуфта мешуд, ки Русия ва Ҳиндустон барои омӯхтани таъсиси минтақаи тиҷорати озоди КИАО ва Ҳиндустон ба мувофиқа расидаанд.
Ҷониби Ҳиндустон ва Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар охири моҳи ноябр даври аввали расмии музокирот оид ба ин созишномаро баргузор карданд.
Лентаи хабарҳо
0