IRS: Ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан маҳдуд карда мешавад

© Foto / IRSАвтомобильное движение на дороге Душанбе-Чанак
Автомобильное движение на дороге Душанбе-Чанак  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2025
Обуна шудан
Ширкати IRS хабар додааст, ки ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи Душанбе - Чаноқ имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқро бар уҳда дорад, эълон кард, ки дар роҳи Душанбе - Чаноқ боридани барф идома дорад.
“Дар робита ба ҳолати мазкур кормандони мо фаъолияти худро тавсеа бахшида, роҳро мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағзиш коркард намуда истодаанд”, - қайд кардааст ширкат.
Ҳамчунин ширкати IRS илова кардааст, ки дар назар аст, ки бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар намуди нақлиёт, дар баъзе маврид (1-2соат) гузариши автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Вазири нақлиёт дастур дод, ки барои ҳалли таъхирнопазири танбашавии нақлиёт дар шаҳрҳо, махсусан дар Душанбе чораҷӯӣ шавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2025
Вазири нақлиёт дастур дод, ки барои ҳалли таъхирнопазири танбашавии нақлиёт дар шаҳрҳо, махсусан дар Душанбе чораҷӯӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол IRS қайд кардааст, ки ширкат наметавонем дар рӯзҳое, ки хавфи тармафароӣ хеле зиёд аст, бо иҷозаи ҳаракат додани гузариши воситаҳои нақлиёт ҳаёти ҳамватанонамонро зери хатар гузорад.
“Бинобар ин, давоми 4 соли охир дар асоси тавсия, пешгӯйӣ ва хулосаи Вазорати нақлиёт, КҲФ ва БДА дар сурати зиёд будани хавфи тармафароӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта мешавад”, - зикр кардааст манбаъ.
Вобаста ба ҳолати зикршуда IRS аз ронандагон чунин тақозо кардааст:
ҳангоми сафар бо қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро қатъиян риоя намоед, аз ҷумла ба ҳеҷ ваҷҳ ба самти муқобили ҳаракат набароед;
мошини худро ҷиддӣ ташхис кунед, то нуқсе надошта бошад;
чархҳои барои истифода дар мавсими гармо пешбинишударо бо чархҳои зимистона иваз кунед;
мошинҳои боркаш, хоса автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳоро бо занҷиру дигар василаҳои зидди яхбандӣ муҷаҳҳаз намоед;
бо суръате мошин ронед, ки бехатариро дар ҷойҳои сермошину серодам, назди мактабҳо, хамгаштҳо, пулҳо ва нишебиҳо таъмин сохтан имконпазир бошад;
ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ дар қиёс бо дигар масир масофаро бештар риоя кунед, хеле дур аз мошинҳои дигар ҳаракат кунед, то дар ҳолати зарурӣ тавонед мошини худро бехтар нигоҳ доред;
тавсияҳоро дар мавриди муваққатан маҳдуд намудани ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ ҳангоми мавҷудияти эҳтимолияти лағзиши тарма, сангрезӣ ҳатман риоя намоед.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, иловатан аз ронандагон хоҳиш менамоем, ки бидуни омодагие, ки фасли сармо тақозо дорад ва бо автомобилҳое, ки тири пешбар надоранд ба роҳ набароянд, зеро дар баробари он ки худашон ба мушкил мувоҷеҳ мегарданд, ҳамзамон ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0