https://sputnik.tj/20251208/idizoda-maskav-tahdidho-khatar-muqovimat-1073627324.html
Идизода дар Маскав ба муқовимати таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир даъват кард
Идизода дар Маскав ба муқовимати таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи Парламентии СПАД гуфт, ки кишварҳои узв бояд якҷо ба таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир мубобориза баранд
2025-12-08T19:45+0500
2025-12-08T19:45+0500
2025-12-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
спад
маскав
маҷлис
парлумон
амният ва мудофиа
хатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/08/1073624456_0:179:3005:1869_1920x0_80_0_0_e6b24eaebb2f5eea96240b748ad832e1.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Идизода Файзалӣ дар ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми Пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуд.Дар ин бора дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон хабар додааст.Зимни суханронӣ Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки Ассамблеяи Парламентии СПАД аз оғози таъсисёбии худ дар амалӣ намудани нақша, вазифаҳо ва талаботҳои Оиннома ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.Вай пешниҳод кард, ки бо мақсади такмил додани фаъолияти Ассамблеяи Парламентӣ, дар давраи ҷашни бистсолагии таъсиси Ассамблеяи Парламентӣ натиҷаҳои фаъолияти худро дар самти ҳамгунсозии қонунгузории кишварҳои узв мавриди таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ қарор диҳем.Идизода ба густариши назорати иҷрои қарорҳои марбут ба фаъолияти сулҳпарварӣ, амнияти киберӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шумурд.Инчунин вай гуфт табодули гуманитарӣ ва маърифатӣ барои ташаккули фарҳанги умумии амният рушд дода шавад.Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Москваи Русия ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми Пленарии Ассамблеяи Парламентии СПАД баргузор шуд.Дар нишасти мазкур Сарони парламентҳои Русия, Белорусия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд.Дар назар аст, ки дар мулоқот роҳҳои таҳкими равобит ва густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шавад.
https://sputnik.tj/20251127/putin-spad-tahdid-rafi-tajovuz-omoda-1073345510.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/08/1073624456_0:48:2603:2000_1920x0_80_0_0_5b6f1235476139cffa398546b0e8166a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парлумон, спад, муқовимат, амният, хаӣар, маскав, парлумон
тоҷикистон, парлумон, спад, муқовимат, амният, хаӣар, маскав, парлумон
Идизода дар Маскав ба муқовимати таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир даъват кард
19:45 08.12.2025 (Навсозишуда: 19:46 08.12.2025) Раиси парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи Парламентии СПАД гуфт, ки кишварҳои узв бояд якҷо ба таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир мубобориза баранд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Идизода Файзалӣ дар ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми Пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон хабар додааст.
Зимни суханронӣ Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки Ассамблеяи Парламентии СПАД аз оғози таъсисёбии худ дар амалӣ намудани нақша, вазифаҳо ва талаботҳои Оиннома ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
“Қабули беш аз сад санадҳои модели қонунгузорӣ, аз ҷумла қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳо оид ба ҳамгунсозии соҳаҳои алоҳидаи қонунгузорӣ, аз самаранокии фаъолияти СПАД дарак медиҳад”, - гуфт ӯ.
Вай пешниҳод кард, ки бо мақсади такмил додани фаъолияти Ассамблеяи Парламентӣ, дар давраи ҷашни бистсолагии таъсиси Ассамблеяи Парламентӣ натиҷаҳои фаъолияти худро дар самти ҳамгунсозии қонунгузории кишварҳои узв мавриди таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ қарор диҳем.
Идизода ба густариши назорати иҷрои қарорҳои марбут ба фаъолияти сулҳпарварӣ, амнияти киберӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шумурд.
Инчунин вай гуфт табодули гуманитарӣ ва маърифатӣ барои ташаккули фарҳанги умумии амният рушд дода шавад.
“Мо бовар дорем, ки тавассути таҳкими эътимод, ҳамбастагӣ ва дастгирии мутақобил метавонем ба таври муассир ба таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир муқовимат намоем”, - гуфт Файзалӣ Идизода.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Москваи Русия ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми Пленарии Ассамблеяи Парламентии СПАД баргузор шуд.
Дар нишасти мазкур Сарони парламентҳои Русия, Белорусия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд.
Дар назар аст, ки дар мулоқот роҳҳои таҳкими равобит ва густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шавад.