Уфа ва Тоҷикистон ният доранд маркази логистикӣ таъсис диҳанд

© Foto / Пресс-служба Совета Федерации РФФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2025
Обуна шудан
Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии тиҷорат дар Уфа ҷаласае бо номи "Дурнамои ҳамкорӣ байни Бошқирдистон ва Тоҷикистон" баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Соҳибкорону мақомоти Тоҷикистон ва минтақаи Уфаи Русия имкониятҳои нави пешбурди тиҷорати байналмилалӣ, ҳамкории саноатӣ, рушди технологияҳои баланд ва татбиқи зеҳни сунъиро баррасӣ мекунанд.
Тавре Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва корҳои конгресси Бошқирдистон хабар додааст, Тоҷикистон дар гардиши тиҷоратии Бошқирдистон дар ҷои 15-ум қарор дорад.
Дар содироти ин минтақа ба Тоҷикистонмаҳсулоти маъданӣ (65,5%), маҳсулоти чӯб ва селлюлоза ва коғаз (24,4%), маводи кимиёвӣ ва каучук (5,4%) ва маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи хом (2,4%) бартарӣ доранд.
Корхонаҳои Бошқирдистон бо ширкатҳои тоҷикӣ, бахусус дар таъмини маҳсулоти кимиёвӣ ва коркарди чӯбу тахта, фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
Бошқирдистон айни замон дар лоиҳаи таъсиси парки саноатии Русия ва Тоҷикистон дар масоҳати 9,3 гектар дар Душанбе иштирок мекунад.
Корпоратсияи рушди Ҷумҳурии Бошқирдистон бо истифода аз маблағгузории федералӣ, биноҳои саноатии 23,500 метри мураббаъро дар ду марҳила аз нав сохта ва навсозӣ мекунад.
Абрикосы на ветке дерева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Бошқирдистон хоҳони хариди бештари меваю сабзавоти Тоҷикистон аст
Ҳадафи дигар ҷалби соҳибкорон аст. Чанд корхонаҳои Бошқирдистон аллакай ба ин кор таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Самтҳои афзалиятноки парк саноати сабук, истеҳсоли асбобҳо, таҷҳизоти тиббӣ ва металлургия хоҳанд буд.
Ба иттилои манбаъ, ғайр аз парки саноатӣ, ҷонибҳо ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳоро низ баррасӣ мекунанд. Масалан, тарафҳо ният доарнд дар Уфа маркази нақлиёт ва логистика таъсис диҳанд ва дар онҷо барои молҳо аз Тоҷикистон сертификатҳо диҳанд.
Бошқирдистон, ки дар чорроҳаи роҳҳои тиҷоратӣ ҷойгир аст, метавонад ба як маркази муҳими логистикӣ табдил ёбад.
Ҳарду ҷумҳурӣ инчунин ба рушди сайёҳии байналмилалӣ манфиатдоранд, зеро онҳо барои ин имкониятҳои назаррас доранд.
Парвозҳои мунтазам аз Уфа ба Душанбе аллакай ба роҳ монда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0