Русия ва Ҳиндустон созишномаи муҳоҷирати кориро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкСтроители на участке дороги
Строители на участке дороги  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2025
Обуна шудан
Созишнома дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ байни Русия ва Ҳиндустон дар ҳоли баррасӣ аст
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Русия ва Ҳиндустон созишномаи муҳоҷирати меҳнатии байни ду кишварро баррасӣ мекунанд.
Дар ин бора, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод.
"Ин созишнома дар ҳоли баррасӣ аст ва мо умедворем, ки дар рафти сафар пешрафт ба даст хоҳад омад", - гуфт Песков дар брифинг барои расонаҳои Ҳиндустон, ки аз ҷониби Sputnik India баргузор шудааст.
Ин дар ҳолест, ки пештар Афғонистон низ хостори равон кардани муҳоҷирон ба Русия шуд.
Дар ин бора, сафири Афғонистон дар Русия Ҳасан Гул Ҳасан ба РИА Новости гуфт.
"Мо дар ин бора бо раиси Тотористон (Рустам Минниханов - таҳрир) муҳокима кардем. Умедворем, ки ин масъала минбаъд низ баррасӣ хоҳад шуд. Дар айни замон, мо коргарони кишоварзиро пешниҳод кардем, аммо умедворем, ки агар ба созиш бирасем, дар дигар соҳаҳо низ кор хоҳем кард", - гуфт сафир.
Мулоқоти намояндагони Вазорати меҳнат бо ҳайати намояндагии Вазорат дар Федератсияи Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2025
Вазорати меҳнат ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия баррасӣ кард
Гул Ҳасан қайд кард, ки дар ин самт, ягон созишномаи мушаххас вуҷуд надорад ва ҷонибҳо муколамаи худро дар ин масъала идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0