https://sputnik.tj/20251202/eron-iiao-mubodilai-elektroni-malumot-gumruki-1073446512.html
Эрон ва ИИАО барои мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ ба мувофиқа расиданд
Эрон ва ИИАО барои мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ ба мувофиқа расиданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба мувофиқа расиданд, ки маълумоти гумрукиро ба таври электронӣ мубодила кунанд
2025-12-02T10:49+0500
2025-12-02T10:49+0500
2025-12-03T13:27+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
эрон
гумрук
маълумот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/16/1062160498_0:12:3072:1740_1920x0_80_0_0_fe3bd78221526bc2fe34775647909072.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Ҷаласаи сеюми ҳайатҳои техникии Идораи гумруки Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) рӯзи якшанбе ба анҷом расид, ки дар он тарафҳо ба чанд масъалаи муҳим ба тавофуқ расиданд, ки дар Созишномаи тиҷорати озод муқарраршуда буд.Дар ҷараёни мулоқот мақомоти гумруки Эрон ва ИИАО ба мувофиқа расиданд, ки маълумоти гумрукиро ба таври электронӣ мубодила кунанд.Тибқи Созишномаи тиҷорати озод, ки моҳи май эътибор пайдо кард, Эрон ба қариб 87% содироти худро ба кишварҳои узви ИИАО бидуни боҷ анҷом медиҳад.Пеш аз ин созишнома, ҳарду ҷониб тибқи созишномаи тиҷорати имтиёзнок, ки моҳи июни соли 2017 дар Арманистон имзо шуда буд, фаъолият мекарданд.Дар моҳи декабри соли гузашта Эрон расман ба ин Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё пайваст.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад.Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.Аъзоёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон имконияти пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20251201/shahrvandon-iiao-rusiya-andoz-1073416672.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/16/1062160498_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_fd712a6894149e634df15c955bc1a39f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
теҳрон, ииао, эрон, ҳамгироӣ, гумрук, электронӣ, маълумот
теҳрон, ииао, эрон, ҳамгироӣ, гумрук, электронӣ, маълумот
Эрон ва ИИАО барои мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ ба мувофиқа расиданд
10:49 02.12.2025 (Навсозишуда: 13:27 03.12.2025) Мақомоти Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба мувофиқа расиданд, ки маълумоти гумрукиро ба таври электронӣ мубодила кунанд
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Ҷаласаи сеюми ҳайатҳои техникии Идораи гумруки Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) рӯзи якшанбе ба анҷом расид, ки дар он тарафҳо ба чанд масъалаи муҳим ба тавофуқ расиданд, ки дар Созишномаи тиҷорати озод муқарраршуда буд.
Дар ҷараёни мулоқот мақомоти гумруки Эрон ва ИИАО ба мувофиқа расиданд, ки маълумоти гумрукиро ба таври электронӣ мубодила кунанд.
Тибқи Созишномаи тиҷорати озод, ки моҳи май эътибор пайдо кард, Эрон ба қариб 87% содироти худро ба кишварҳои узви ИИАО бидуни боҷ анҷом медиҳад.
Пеш аз ин созишнома, ҳарду ҷониб тибқи созишномаи тиҷорати имтиёзнок, ки моҳи июни соли 2017 дар Арманистон имзо шуда буд, фаъолият мекарданд.
Дар моҳи декабри соли гузашта Эрон расман ба ин Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё пайваст.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон имконияти пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.