https://sputnik.tj/20251202/bmt-guzarish-hisobbarobarkuni-rusiya-etidol-iqtisodiyot-1073462787.html
БМТ гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ бо Русияро, шарҳ дод
БМТ гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ бо Русияро, шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи иттилои БМТ, дар шароити номуайянии геополитикӣ ва барои нигоҳ доштани суръати афзоиши тиҷорат, гузариш ба ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллӣ як раванди табиӣ аст
2025-12-02T16:10+0500
2025-12-02T16:10+0500
2025-12-02T16:10+0500
молиёт
иқтисод
дар тоҷикистон
бмт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/14/1066654001_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_d21771c4908dd76f0bb69e44d21e99ce.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Дар солҳои охир, дар шароити афзоиши босуръати тиҷорати мутақобила, саҳми асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила байни Русия ва Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Дар ин бора, дар Бонки миллии Тоҷикистон ба суоли Sputnik Tajikistan посух доданд.Русия яке аз шарикони тиҷоратии Тоҷикистон аст. Дар нӯҳ моҳи аввали соли 2025 саҳми Русия дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 21,4%-ро ташкил дод, қайд кард БМТ. Ғайр аз ин, БМТ қайд кард, ки бо назардошти шароити номуайянии геополитикӣ ва барои нигоҳ доштани афзоиши тиҷорати мутақобила, гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ байни кишварҳо як раванди табиӣ аст.Дар ин росто, Тоҷикистон ба фаъолияти устувори иқтисоди худ манфиатдор аст ва яке аз роҳҳои ноил шудан ба ин ҳадафро дар гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ бо шарикони тиҷоратӣ ва ҳамсоягони минтақавии худ мебинад.Русия ва Тоҷикистон қариб пурра дар тиҷорати мутақобилаи худ ба асъори миллӣ гузаштаанд ва саҳми онҳо то охири соли 2024 аз 97% гузаштааст. Президенти Русия Владимир Путин инро зимни сафараш ба Душанбе дар моҳи октябр эълон кард. Ӯ хотиррасон кард, ки соли гузашта гардиши мол беш аз 50% афзоиш ёфта, ба 1,5 млрд доллар расид ва афзоишро идома дод.
https://sputnik.tj/20251125/tahrim-avrupo-nizomi-bonki-tojikiston-tasir-bmt-1073244146.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/14/1066654001_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_966f147bdc3b9c9b9fbc1716d74c0e6a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бмт, ҳисоббаробаркуниҳо, бо асъори русӣ
бмт, ҳисоббаробаркуниҳо, бо асъори русӣ
БМТ гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ бо Русияро, шарҳ дод
Эксклюзив
Тибқи иттилои БМТ, дар шароити номуайянии геополитикӣ ва барои нигоҳ доштани суръати афзоиши тиҷорат, гузариш ба ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллӣ як раванди табиӣ аст
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Дар солҳои охир, дар шароити афзоиши босуръати тиҷорати мутақобила, саҳми асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила байни Русия ва Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, дар Бонки миллии Тоҷикистон ба суоли
Sputnik Tajikistan посух доданд.
Русия яке аз шарикони тиҷоратии Тоҷикистон аст. Дар нӯҳ моҳи аввали соли 2025 саҳми Русия дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 21,4%-ро ташкил дод, қайд кард БМТ.
"Дар солҳои қаблӣ, асъорҳои асосии истифодашуда барои ҳисоббаробаркуниҳо байни Русия ва Тоҷикистон рубли русӣ, доллар ва евро буданд, аммо дар соли 2025, ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила, мувофиқи қоидаҳои муқарраршудаи Русия, асосан бо рубли русӣ анҷом дода мешаванд", - гуфта мешавад дар шарҳи суоли Sputnik Tajikistan.
Ғайр аз ин, БМТ қайд кард, ки бо назардошти шароити номуайянии геополитикӣ ва барои нигоҳ доштани афзоиши тиҷорати мутақобила, гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ байни кишварҳо як раванди табиӣ аст.
Дар ин росто, Тоҷикистон ба фаъолияти устувори иқтисоди худ манфиатдор аст ва яке аз роҳҳои ноил шудан ба ин ҳадафро дар гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ бо шарикони тиҷоратӣ ва ҳамсоягони минтақавии худ мебинад.
Русия ва Тоҷикистон қариб пурра дар тиҷорати мутақобилаи худ ба асъори миллӣ гузаштаанд ва саҳми онҳо то охири соли 2024 аз 97% гузаштааст.
Президенти Русия Владимир Путин инро зимни сафараш ба Душанбе дар моҳи октябр эълон кард. Ӯ хотиррасон кард, ки соли гузашта гардиши мол беш аз 50% афзоиш ёфта, ба 1,5 млрд доллар расид ва афзоишро идома дод.