https://sputnik.tj/20251130/varzishkoroni-tojikiston-medal-vatan-1073389640.html
Варзишкорони Тоҷикистон аз хориҷа ба Ватан 1000 медал овардаанд
Варзишкорони Тоҷикистон аз хориҷа ба Ватан 1000 медал овардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Давоми ду соли охир варзишкорони Тоҷикистон ба муваффақиятҳои баланди варзишӣ ноил гардидаанд
2025-11-30T14:26+0500
2025-11-30T14:26+0500
2025-11-30T16:24+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
душанбе
кмо ҷт
варзишгарони тоҷик
медал
тило
тилло ва биринҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/02/1042020121_0:0:2565:1443_1920x0_80_0_0_9a5264c0f79945d408edf245c2a3df9d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя - Sputnik. Варзишкорони тоҷик давоми солҳои 2024–2025 аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал овардаанд.Дар ин бора, дар паи ҷаласа аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.Дар ҷаласа, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон Зулфиқор Гулаҳмадзода ҳисоботи натиҷаҳои фаъолияти соҳаи варзишро дар солҳои 2024–2025 пешниҳод намудааст.Ҳамин тавр аз миёни 958 медал:Дар натиҷа парчами давлатӣ 958 маротиба барафрохта шуда, 274 маротиба суруди миллӣ садо додааст. Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон дар ин давра мизбони 51 мусобиқаи байналмилалӣ гардида, беш аз 8000 нафар варзишгарон аз дохил ва хориҷи кишвар ширкат намуданд.Гуфта шуд, ки дар самти рушди варзиши оммавӣ дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 76 ҳазор чорабинии варзишию солимгардонӣ доир карда шуд. Дар ин чорабиниҳо зиёда аз 6 млн нафар ширкат намуданд.Дар соҳаи инфрасохтори варзишӣ бошад, танҳо дар ду соли охир 256 иншооти варзишӣ бо маблағи беш аз 130 млн сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.Ҳамчунин Кумитаи кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ барои омодагӣ ба Бозиҳои осиёии "Айчи–Нагоя 2026" ва Бозиҳои олимпии "Лос-Анжелес 2028" тадбирҳои заруриро ба роҳ мемонад. Бо ин мақсад гурӯҳи кории соҳавӣ таъсис дода шуда, 11 намуди олимпӣ ҳамчун намудҳои афзалиятнок муайян гардидаанд.
https://sputnik.tj/20251109/madina-qurbonzoda-nuqrai-boziho-islomi-2025-1072790695.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/02/1042020121_0:0:2547:1910_1920x0_80_0_0_d3f836428badce7356c481e584e406c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
варзишкорон, тоҷикистон, медал, ватан
варзишкорон, тоҷикистон, медал, ватан
Варзишкорони Тоҷикистон аз хориҷа ба Ватан 1000 медал овардаанд
14:26 30.11.2025 (Навсозишуда: 16:24 30.11.2025) Давоми ду соли охир варзишкорони Тоҷикистон ба муваффақиятҳои баланди варзишӣ ноил гардидаанд
ДУШАНБЕ, 30 ноя - Sputnik. Варзишкорони тоҷик давоми солҳои 2024–2025 аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал овардаанд.
Дар ин бора, дар паи ҷаласа аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.Дар ҷаласа, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон Зулфиқор Гулаҳмадзода ҳисоботи натиҷаҳои фаъолияти соҳаи варзишро дар солҳои 2024–2025 пешниҳод намудааст.
Ҳамин тавр аз миёни 958 медал:
Дар натиҷа парчами давлатӣ 958 маротиба барафрохта шуда, 274 маротиба суруди миллӣ садо додааст.
Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон дар ин давра мизбони 51 мусобиқаи байналмилалӣ гардида, беш аз 8000 нафар варзишгарон аз дохил ва хориҷи кишвар ширкат намуданд.
Гуфта шуд, ки дар самти рушди варзиши оммавӣ дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 76 ҳазор чорабинии варзишию солимгардонӣ доир карда шуд. Дар ин чорабиниҳо зиёда аз 6 млн нафар ширкат намуданд.
Дар соҳаи инфрасохтори варзишӣ бошад, танҳо дар ду соли охир 256 иншооти варзишӣ бо маблағи беш аз 130 млн сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳамчунин Кумитаи кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ барои омодагӣ ба Бозиҳои осиёии "Айчи–Нагоя 2026" ва Бозиҳои олимпии "Лос-Анжелес 2028" тадбирҳои заруриро ба роҳ мемонад.
Бо ин мақсад гурӯҳи кории соҳавӣ таъсис дода шуда, 11 намуди олимпӣ ҳамчун намудҳои афзалиятнок муайян гардидаанд.