Бо даст хати об месохтем: қаҳрамони меҳнат дар бораи наҳрҳои Шӯравӣ – видео

Обуна шудан
Каналҳое, ки солҳои 70 – 80 уми замони Шӯравӣ сохта шуданд, ҳоло беш аз пеш дар обёрии киштзорҳо дар рустоҳои Тоҷикистон хизмат мекунанд
Яке аз чунин каналҳо дар деҳаи Басманда ноҳияи Деваштич, аз умдатарин макони парвариши картошка дар кишвар аст, ки 50 сол ба ин тараф устувор аст.
Абдураҳмон Шамсиев, сокини деҳаи Басманда ва қаҳрамони меҳнати Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқ саркор (бригадир) -и ПМК 18-и шаҳри Уротеппа мегуяд, сохтмони ин хати об, 9 сол давом кардааст.
Ин ҳамсуҳбати мо нақл кард, ки он замон бахши аъзами корҳои нақбканӣ дастӣ анҷом дода шудааст.
Ӯ як ҳолати кории солҳои 70 - умро ба ёд овард, ки барои пеш рафтани корҳои сохтмонии, чи гуна ӯ худро дар хатар андохта бо инояти Парвардигор ҷон ба саломат бурдааст.

“Мо кӯҳро 12 метр ба бар ва 9 – 10 метр ба дарозӣ кофта, сипас маводи тарканда гузошта мепарронидем. Рӯзе барои кофтани ин канал дар 3 нуқта маводи тарканда оташ нагирифт. Дар он замон нафарони аз ВДНХ ИҶШС омада ба такрор ба соат менигариста, ҳайрон монда, ки чи кор кунем. Ман ба он се нуқта рафта маводҳои инфиҷорношударо аз назар гузаронидам, ки хушбахтона аз барқ ҷудо шуда будаанд, бо ҳамин хотири ҳамаи мо ҷамъ шуд ва корро идома додем” – ба хотир овард, Шамсиев.

Шамсиев, солҳои 1970 – 1979 бригадири ПМК 18, трести “Ленинободстрой” -ро бар душ дошта, сипас дар вазифаҳои гуногун дар колхозу совхосҳои ба номи “Карл Маркс” ва “Қалъаи Дӯст” -и ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) фаъолият кардааст.
Давоми 20 соли фаъолияти пурмаҳсул Шамсиев ба ҳайси сардори бригадаи сохтмон дар бунёди бисёр иншоотҳои муҳими гидротехникӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ғончӣ, Шаҳристон, Зафаробод, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Ашт саҳми бузург гузоштааст.
Кору фаъолияти пурмаҳсули ӯро ба инобат гирифта ба ВДНХ ИҶШС фиристода шудааст.
Хизматҳои шоёнаи Абдураҳмон Шамсиевро ба иноат гирифта ӯро бо ордену нишонҳои “Нишони фахрӣ”, “Ветерани меҳнат” “Қаҳрамони мусобиқаи сотсиалистӣ”, дипломи дараҷаи сеюми ВДНХ ва даҳҳо ифтихорномаву сипосномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Обёрии се кишвар: Тоҷикистону Қазоқистону Узбекистон масъалаи обро баррасӣ карданд
Дар натиҷаи корҳои пурмаҳсули бригадаи Шамсиев, ҳазорҳо га заминҳои нав аз худ карда шуда, ва ҳолати обтаъминкунии зироатҳо беҳтар гардидааст.
Сохтмони хати оби полезии деҳаи Басманда, яке аз мисолҳои барҷастааст, ки то имрӯз садҳо га кишти картошка тавассути он шодоб гардонида мешавад.
Ин қаҳрамони меҳнат мегуяд, он солҳо ҳама бо завқ кор меҳнат мекарданд ва ободгардонии гӯшаҳои диёрро ҳама шараф медонистанд.
Ҳаёт дар торикӣ: Мардуми Суғд бо камбуди барқ чӣ гуна мубориза мебаранд? Видео
Бобои Абдураҳмон ҳоло 94 сол дошта дар иҳоти фарзандону наберагон ба сар мебарад. Бо вуҷуди он, ки бознишастааст, ҳамоно дар корҳои ободии рустои Басманда худро канор намегирад ва зикр мекунад, ки “меҳнати ҳалол зиндагиро нусрат мебахшад ва умри инсонҳоро дароз мегардонад”.
Лентаи хабарҳо
0