Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон 100% иҷро шуд

© Foto / Хадамоти матбуотии Вазорати дифоъДаъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши миллӣ
Даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши миллӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2025
Обуна шудан
Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳӣ бас афи артиш гузориш дод
ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки авоили моҳи октябр оғоз гардид, пурра иҷро шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати дифоъи Тоҷикистон гузориш додааст.
"Ҳама комиссияҳои давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ гузориш доданд ва нақшаи даъвати тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд", - омадааст дар хабарнома.
Бояд тазаккур дод, ки дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро пурра иҷро намуданд.
Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, чаҳор навоҳии пойтахт низ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд.
Вазорат афзуда, ки дар ин самт масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ иҷрои нақшаи даъватро пеш аз муҳлат амалӣ намуданд.
Ҳамзамон, масъулини вобастагардидаи даъват дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ саривақт ин маъракаи муҳими сиёсиро ба анҷом расониданд.
Осенний призыв в Шугнанском районе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2025
ВМКБ барои ҳаштумин бор нақшаи даъват ба артишро дар рӯзи аввал иҷро кард
Хадамоти матбуотии Вазорат афзуда, ки дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомот ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд, сатҳу сифати чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хуб ба назар мерасад.
Бояд гуфт, ҳамасола дар Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, аз ҷумла моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0