https://sputnik.tj/20251128/putin-jabborov-hamgiroii-iqtisodi-iiao-1073334833.html
Путин ва Ҷабборов ният доранд, ҳамгироии иқтисодиро дар доираи ИИАО амиқтар кунанд
Путин ва Ҷабборов ният доранд, ҳамгироии иқтисодиро дар доираи ИИАО амиқтар кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони Русия ва Қирғизистон омодагии худро барои амиқтар кардани ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тасдиқ карданд
2025-11-28T11:49+0500
2025-11-28T11:49+0500
2025-11-28T11:49+0500
ииао
ҳамгироӣ
ҳамкорӣ
равобит
русия
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1b/1073344981_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_1873c5cad72ed32395adcf466e7c5019.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин в президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар Бишкек зимни мулоқот омодагии худро барои амиқтар кардани ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) тасдиқ карданд.Тавре Кохи Кремлин хабар додааст, изҳороти муштараки президентҳои Русия ва Қирғизистон дар бораи амиқтар кардани равобит ва шарикии стратегии онҳо нашр шуд."Ҷонибҳо нақши муҳими ИИАО-ро, ки ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи кориро таъмин мекунад, дар рушди иқтисодии ду кишвар ва беҳтар кардани некӯаҳволии аҳолии онҳо таъкид мекунанд ва инчунин омодагии мутақобилаи худро барои амиқтар кардани ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё тасдиқ карданд", - гуфта мешавад дар изҳорот.Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад.Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.Аъзоёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20251127/iiao-qirghiziston-marotiba-afzoish-1073285655.html
русия
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1b/1073344981_262:0:2993:2048_1920x0_80_0_0_3ad6a3dd4ab2a652c8542f48ee2dc070.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, қирғизистон, ҳамгироӣ, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит
русия, қирғизистон, ҳамгироӣ, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит
Путин ва Ҷабборов ният доранд, ҳамгироии иқтисодиро дар доираи ИИАО амиқтар кунанд
Раҳбарони Русия ва Қирғизистон омодагии худро барои амиқтар кардани ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тасдиқ карданд
ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин в президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар Бишкек зимни мулоқот омодагии худро барои амиқтар кардани ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) тасдиқ карданд.
Тавре Кохи Кремлин хабар додааст, изҳороти муштараки президентҳои Русия ва Қирғизистон дар бораи амиқтар кардани равобит ва шарикии стратегии онҳо нашр шуд.
"Ҷонибҳо нақши муҳими ИИАО-ро, ки ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи кориро таъмин мекунад, дар рушди иқтисодии ду кишвар ва беҳтар кардани некӯаҳволии аҳолии онҳо таъкид мекунанд ва инчунин омодагии мутақобилаи худро барои амиқтар кардани ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё тасдиқ карданд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.