https://sputnik.tj/20251128/afghoniston-rusiya-muhojiron-kori-1073358253.html
Афғонистон мехоҳад ба Русия муҳоҷирони корӣ фиристад
Афғонистон мехоҳад ба Русия муҳоҷирони корӣ фиристад
Sputnik Тоҷикистон
Кобул бо Маскав дар бораи ҷалби муҳоҷирон ба кишоварзӣ музокира мекунад
2025-11-28T18:29+0500
2025-11-28T18:29+0500
2025-11-28T18:29+0500
муҳоҷират
русия
афғонистон
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1b/1064878387_0:250:2958:1914_1920x0_80_0_0_cad71fe288b7e1be33ee19b53f9f0ba7.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Кобул бо мақомоти Русия имконияти ба кор қабул кардани коргарони муҳоҷири афғонро дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ мекунад.Дар ин бора, сафири Афғонистон дар Русия Ҳасан Гул Ҳасан ба РИА Новости гуфтааст. Гул Ҳасан ин хабарро дар ҳошияи Форуми сеюми байналмилалии Астрахани Роҳи байналмилалии нақлиёти Шимол-Ҷануб-Уфуқҳои нав ироа кард.Ӯ қайд кард, ки дар ин самт, ягон созишномаи мушаххас вуҷуд надорад ва ҷонибҳо муколамаи худро дар ин масъала идома медиҳанд. Форуми сеюми Роҳи байналмилалии нақлиёти Астрахан "Шимол-Ҷануб - Уфуқҳои нав" аз 26 то 28 ноябр баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20250602/rusiya-rasman-pazirishi-safiri-tolibon-maskavro-muvofiqat-1067803107.html
русия
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1b/1064878387_204:0:2756:1914_1920x0_80_0_0_83ed5ac990b9559834b3262e6ea932d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, русия, муҳоҷирони корӣ
афғонистон, русия, муҳоҷирони корӣ
Афғонистон мехоҳад ба Русия муҳоҷирони корӣ фиристад
Кобул бо Маскав дар бораи ҷалби муҳоҷирон ба кишоварзӣ музокира мекунад
ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Кобул бо мақомоти Русия имконияти ба кор қабул кардани коргарони муҳоҷири афғонро дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ мекунад.
Дар ин бора, сафири Афғонистон дар Русия Ҳасан Гул Ҳасан ба РИА Новости гуфтааст.
"Мо ба наздикӣ дар Тотористон будем ва дар ин бора бо раиси Тотористон (Рустам Минниханов - таҳрир) муҳокима кардем. Умедворем, ки ин масъала минбаъд низ баррасӣ хоҳад шуд. Дар айни замон, мо коргарони кишоварзиро пешниҳод кардем, аммо умедворем, ки агар ба созиш бирасем, дар дигар соҳаҳо низ кор хоҳем кард", - гуфт сафир.
Гул Ҳасан ин хабарро дар ҳошияи Форуми сеюми байналмилалии Астрахани Роҳи байналмилалии нақлиёти Шимол-Ҷануб-Уфуқҳои нав ироа кард.
Ӯ қайд кард, ки дар ин самт, ягон созишномаи мушаххас вуҷуд надорад ва ҷонибҳо муколамаи худро дар ин масъала идома медиҳанд.
Форуми сеюми Роҳи байналмилалии нақлиёти Астрахан "Шимол-Ҷануб - Уфуқҳои нав" аз 26 то 28 ноябр баргузор мешавад.