Шералӣ Кабир гуфт, чӣ гуна метавон аз коркарди пахта 2,8 млрд. доллар даромад гирифт

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаШвейная фабрика. Иллюстративное фото
Швейная фабрика. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2025
Обуна шудан
Вазири саноати Тоҷикистон гуфт, ки барои гирифтани даромади бештар аз пахта корхонаҳои кишвар бояд занҷираи пуррраи истеҳсолотро ба роҳ монанд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон ширкату корхонаҳое ҳастанд, ки аз нахи пахта занҷираи пуррраи истеҳсолотро ба роҳ мондаанд, гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Ба гуфтаи вазир, ин корхонаву ширкатҳо на танҳо пахта истеҳсол мекунанд, балки онҳо аз пахта ришта, сипас порча ва маҳсулоти дӯзандагӣ таувлид мекунанд.
Шералӣ Кабир дар ин мусоҳиба ширкати “Ҷунтай Данғара”-ро мисол овард, гуфт ин ширкат хеле бузург аст ва занҷираи пуррраи истеҳсолотро ба роҳ мондааст.
Вай илова кард, ки бахши нассоҷии Тоҷикистон соли гузашта тақрибан ба арзиши 300 миллион доллар маҳсулоти дӯзандагӣ содирот кардааст.
“Аз ин бахш ҳам фурӯши нахи пахта, порча ва маҳсулоти тайёр содирот шуд. Ҳами ин 300 миллион доллар буд”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Министр промышленности и новых технологий Таджикистана Шерали Кабир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2025
Шералӣ Кабир: Ҳукумат мехоҳад як ширкати давлатии миллии зеҳни сунъиро таъсис диҳад
Вазир гуфт, агар хоҳем аз ин бахш даромади бештар гирем, бояд тамоми пахта, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад, 140 ҳазор тонна нахи пахта бояд дар кишвар коркард шавад.
“Агар пурра дар Тоҷикистон коркард кунем ва занҷиаи пурраро ба роҳ монем мисли ширкатҳоие, ки ин корро мекунанд монанди корхонаҳои “Ҷунтай Данғара” ва “Ҷавонӣ”дар вилояти Суғд, дар ин ҳолат мо метавонем 2,8 миллиар доллар маҳсулот истеҳсол кунем. Танҳо аз нахи пахта”, - зикр кард вазири саноати кишвар.
Ҳамчунин Шералӣ Кабир илова кард, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 12 корхонаи бузурги саноатӣ ҳаст, ки онҳо ба иқтисод таъсиррасон ҳастанд.
Вай гуфт ин корхонаҳо, ки корхонаҳои кӯҳӣ мебошанд ба буҷаи кишвар даромади хуб меоранд.
Лентаи хабарҳо
0