https://sputnik.tj/20251127/chempioni-shikast-bokhti-istiqlol-al-nasr-1073325510.html
Чемпиони Тоҷикистон бо ҳисоби бузург шикаст хурд: Бохти "Истиқлол" аз "Ал-Наср"
Чемпиони Тоҷикистон бо ҳисоби бузург шикаст хурд: Бохти "Истиқлол" аз "Ал-Наср"
Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамони Тоҷикистон дар бозии ҷавобӣ аз “Ал-Наср” бо ҳисоби бузурги 4:0 шикас хӯрд. Вале умед барои гузаштан ба даври дигар ҳаст
2025-11-27T18:19+0500
2025-11-27T18:19+0500
2025-11-27T18:19+0500
видео
бозӣ
футбол
ҷоми осиё
тими "истиқлол"
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1b/1073325658_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_9553cec112e0eb334309651e287af758.jpg
Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бозиашро бо тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо щисоби калон шикаст хурд.Ин бозь шаби26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури беш аз15 ҳазор тамошобин баргузор шуд.Дастаи Ал-Наср ба дарвозаи тими "Истиқлол" чаҳор голи беҷавоб зад.Голҳоро ба дарвозаи “Истиқлол” Жоау Феликс, ҳамлагари пуртуғолии дастаи арабӣ, Муҳаммад Симакан, Садио Мане ва Айман Яҳё заданд."Танҳо барои ғалаба...": "Истиқлол" барои бозии деринтизор бо "Ал-Наср" омодагӣ мебинадЁдовар мешавем, ки капитан даста Криштиану Роналду ба Тоҷикистон наомад. Зеро ин бозӣ барои бошгоҳи Саудӣ чандон аҳамият надошт. "Ал-Наср" аллакай ба плей-оффи мусобиқот роҳ ёфтааст.Пас аз ин бохт, мавқеи “Истиқлол” дар гурӯҳи “D” тағйир наёфт ва дастаи кишвари мо бо 6 хол дар зинаи сеюм боқӣ монд. Тими “Ан-Наср” баъди ин ғалаба шумораи имтиёзҳояшро ба 15 адад расонида, мавқеашро дар садри ҷадвали гурӯҳ қавӣ кард. Ин даста аллкай аз зинаи аввал ба даври ҳазфӣ (плей-офф) роҳхат гирифтааст.Боз бе Роналду: Истиқболи Дастаи Ал-Насри Арабистони Саудӣ дар Душанбе – видеоДар бозии дигари гурӯҳи “D” шаби гузашта дастаи “Аз-Завра”-и Ироқ дар майдони худ “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ҳамин тариқ, ҳоло аз гурҳи “D” танҳо “Ан - Наср” ба давраи баъдӣ роҳ ёфтааст.Тақдири роҳхати дуюм аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои даври охирини мусобиқот дар гурӯҳи “D”, ки рӯзи чоршанбеи 24-уми декабр баргузор мешаванд, ҳал хоҳад шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1b/1073325658_418:0:1858:1080_1920x0_80_0_0_70fa1f613ba7e6c8342ff275b89e6cf2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, видео, футбол, истиқлол, ал-наср, бох, шикаст, варзиш
тоҷикистон, видео, футбол, истиқлол, ал-наср, бох, шикаст, варзиш
Чемпиони Тоҷикистон бо ҳисоби бузург шикаст хурд: Бохти "Истиқлол" аз "Ал-Наср"
Қаҳрамони Тоҷикистон дар бозии ҷавобӣ аз “Ал-Наср” бо ҳисоби бузурги 4:0 шикас хӯрд. Вале умед барои гузаштан ба даври дигар ҳаст
Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бозиашро бо тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо щисоби калон шикаст хурд.
Ин бозь шаби26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури беш аз15 ҳазор тамошобин баргузор шуд.
Дастаи Ал-Наср ба дарвозаи тими "Истиқлол" чаҳор голи беҷавоб зад.
Голҳоро ба дарвозаи “Истиқлол” Жоау Феликс, ҳамлагари пуртуғолии дастаи арабӣ, Муҳаммад Симакан, Садио Мане ва Айман Яҳё заданд.
Ёдовар мешавем, ки капитан даста Криштиану Роналду ба Тоҷикистон наомад. Зеро ин бозӣ барои бошгоҳи Саудӣ чандон аҳамият надошт. "Ал-Наср" аллакай ба плей-оффи мусобиқот роҳ ёфтааст.
Пас аз ин бохт, мавқеи “Истиқлол” дар гурӯҳи “D” тағйир наёфт ва дастаи кишвари мо бо 6 хол дар зинаи сеюм боқӣ монд. Тими “Ан-Наср” баъди ин ғалаба шумораи имтиёзҳояшро ба 15 адад расонида, мавқеашро дар садри ҷадвали гурӯҳ қавӣ кард. Ин даста аллкай аз зинаи аввал ба даври ҳазфӣ (плей-офф) роҳхат гирифтааст.
Дар бозии дигари гурӯҳи “D” шаби гузашта дастаи “Аз-Завра”-и Ироқ дар майдони худ “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ҳамин тариқ, ҳоло аз гурҳи “D” танҳо “Ан - Наср” ба давраи баъдӣ роҳ ёфтааст.
Тақдири роҳхати дуюм аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои даври охирини мусобиқот дар гурӯҳи “D”, ки рӯзи чоршанбеи 24-уми декабр баргузор мешаванд, ҳал хоҳад шуд.