https://sputnik.tj/20251125/shatranjboz-tojik-qahramon-osiyo-1073219581.html
Шатранҷбози тоҷик қаҳрамони Осиё шуд
Шатранҷбози тоҷик қаҳрамони Осиё шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷалолиддин Илҳомӣ бозии хуб нишон дода дар мусобиқаи шоҳмоти босуръат мақоми сеюмро ишғол кард
2025-11-25T10:49+0500
2025-11-25T10:49+0500
2025-11-25T10:49+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
шоҳмот
шоҳмотбоз
шатранҷ
ҷоми осиё
мусобиқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/18/1073225244_0:244:960:784_1920x0_80_0_0_a25c1ded64d33aff38d420022272ad0c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя - Sputnik. Узви дастаи миллии Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот байни ҷавонони то 18-сола мақоми намоёнро касб кард.Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон дар ин бора эълон кард.Ҷалолиддин Илҳомӣ бозии хуб нишон дода дар мусобиқаи шоҳмоти босуръат ҷои сеюмро ишғол кард.Мусобиқа дар Бангкок, Таиланд баргузор мешавад."Натиҷаи Ҷалолиддин барои тамоми дастаи миллии Тоҷикистон ва барои онҳое, ки намоиши шоҳмотбозони ҷавонро пайгирӣ мекунанд, як рӯйдоди илҳомбахш буд. Дар бозии худ варзишгар хислат, истодагарӣ ва хоҳиши пирӯзиро нишон дод ва кишварро дар саҳнаи байналмилалӣ бошарафона муаррифӣ кард", - қайд кард Федератсия.Федератсия бовар дорад, ки ин муваффақият нуқтаи ибтидоӣ барои беҳтар шудани эҳтимолии рейтинги умумии дастаи миллии Тоҷикистон шудааст.Дастаи миллии Тоҷикистон шатранҷбозони ҷавони қавитарини кишварро дар бар мегирад, ки дар мусобиқаҳои миллӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои мунтазам нишон додаанд.Онҳо шатранҷбозони синну соли мухталиф мебошанд:U08 - Муродалӣ СайфиевU10 - Аҳмад ШамсовU12 - Имрон МуминовU14 - Богдан ВосколовичU16 - Назар ҒафуровG16 - Нозанин МаҳмудоваU18 - Ҷалолиддин ИлҳомӣЧемпионати Осиё ба таври анъанавӣ шоҳмотбозони ҷавони қавитаринро аз беш аз 20 кишвари дунё ҷамъ овардааст.Мусобиқа аз рӯи шоҳмоти классикӣ, рапид ва блиц баргузор мешавад.Мусобиқаи мазкур то 30 ноябр идома хоҳад ёфт.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/45278
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/18/1073225244_0:209:960:929_1920x0_80_0_0_1cc223fdd5531c0e5a09932fdaf52d20.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, шатранҷ, мусобиқа, қаҳрамони осиё, илҳомӣ, шоҳмот, варзиш
тоҷикистон, шатранҷ, мусобиқа, қаҳрамони осиё, илҳомӣ, шоҳмот, варзиш
Шатранҷбози тоҷик қаҳрамони Осиё шуд
Ҷалолиддин Илҳомӣ бозии хуб нишон дода дар мусобиқаи шоҳмоти босуръат мақоми сеюмро ишғол кард
ДУШАНБЕ, 25 ноя - Sputnik. Узви дастаи миллии Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот байни ҷавонони то 18-сола мақоми намоёнро касб кард.
Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон дар ин бора эълон кард.
Ҷалолиддин Илҳомӣ бозии хуб нишон дода дар мусобиқаи шоҳмоти босуръат ҷои сеюмро ишғол кард.
Мусобиқа дар Бангкок, Таиланд баргузор мешавад.
"Натиҷаи Ҷалолиддин барои тамоми дастаи миллии Тоҷикистон ва барои онҳое, ки намоиши шоҳмотбозони ҷавонро пайгирӣ мекунанд, як рӯйдоди илҳомбахш буд. Дар бозии худ варзишгар хислат, истодагарӣ ва хоҳиши пирӯзиро нишон дод ва кишварро дар саҳнаи байналмилалӣ бошарафона муаррифӣ кард", - қайд кард Федератсия.
Федератсия бовар дорад, ки ин муваффақият нуқтаи ибтидоӣ барои беҳтар шудани эҳтимолии рейтинги умумии дастаи миллии Тоҷикистон шудааст.
Дастаи миллии Тоҷикистон шатранҷбозони ҷавони қавитарини кишварро дар бар мегирад, ки дар мусобиқаҳои миллӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои мунтазам нишон додаанд.
Онҳо шатранҷбозони синну соли мухталиф мебошанд:
Чемпионати Осиё ба таври анъанавӣ шоҳмотбозони ҷавони қавитаринро аз беш аз 20 кишвари дунё ҷамъ овардааст.Мусобиқа аз рӯи шоҳмоти классикӣ, рапид ва блиц баргузор мешавад.
Мусобиқаи мазкур то 30 ноябр идома хоҳад ёфт.