https://sputnik.tj/20251125/muovini-vaziri-kishovarzi-tojikiston-idm-vazifa-1073225938.html
Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон дар сохтори ИДМ вазифа гирифт
Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон дар сохтори ИДМ вазифа гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Нигина Анварӣ муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ахиран ҳамчун раиси Гурӯҳи кории Комплекси агросаноатии ИДМ интихоб шудааст
2025-11-25T09:36+0500
2025-11-25T09:36+0500
2025-11-25T09:36+0500
кишоварзӣ
нигина анварӣ
идм
вазифа
сиёсат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/18/1073225645_0:129:804:581_1920x0_80_0_0_5f2f47a1e261382a68625a9adfa0fc68.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Таъйини мақомдори тоҷик ба ин вазифа дар сохтори ИДМ дар ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи кории доимии назди Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба комплекси агросаноатии кишварҳои узви ИДМ, ки дар Дафтари шаҳри Маскави Кумитаи иҷроияи ИДМ баргузор гардид, сурат гирифт.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар додааст.Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.Дар суханронии ифтитоҳии худ, Анор Аҳад оғли Ҷанаҳмедов, муовини директори Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ, аз Вазорати кишоварзии Русия барои раисии муваффақонаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба комплекси агросаноатӣ дар соли 2025 изҳори сипос намуда, фаъолияти Гурӯҳи кориро дар давраи гузашта ҷамъбаст кард ва ба кори пурсамари он дар соли оянда изҳор кард.Дар ҳамин ҷаласа Раёсати Гурӯҳи корӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, раиси ин Гурӯҳ интихоб шуд.Дар рафти ҷаласа иштирокчиён дар бораи пешниҳодҳо барои нусхаи нави Созишнома дар бораи муносибатҳои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ ва Барномаи ҳамкории амнияти озуқаворӣ табодули назар карданд.Коршиносон ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро идома диҳанд ва корҳоро дар бораи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки ба рушди устувори комплекси агросаноатии кишварҳои узви ИДМ нигаронида шудаанд, зуд анҷом диҳанд.Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории назди Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба комплекси агросаноатии кишварҳои узви ИДМ дар моҳи апрели соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20251112/narkh-mahsulot-kishovarz-iiao-1072868819.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/18/1073225645_0:115:804:719_1920x0_80_0_0_48875a73729afec134b30c66bb858db4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кишоварзӣ, идм, ҳамкорӣ, нигина анварӣ, мақом, вазифа, сиёсат, ҳамкорӣ
тоҷикистон, кишоварзӣ, идм, ҳамкорӣ, нигина анварӣ, мақом, вазифа, сиёсат, ҳамкорӣ
Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон дар сохтори ИДМ вазифа гирифт
Нигина Анварӣ муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ахиран ҳамчун раиси Гурӯҳи кории Комплекси агросаноатии ИДМ интихоб шудааст
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Таъйини мақомдори тоҷик ба ин вазифа дар сохтори ИДМ дар ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи кории доимии назди Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба комплекси агросаноатии кишварҳои узви ИДМ, ки дар Дафтари шаҳри Маскави Кумитаи иҷроияи ИДМ баргузор гардид, сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар додааст.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ, Анор Аҳад оғли Ҷанаҳмедов, муовини директори Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ, аз Вазорати кишоварзии Русия барои раисии муваффақонаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба комплекси агросаноатӣ дар соли 2025 изҳори сипос намуда, фаъолияти Гурӯҳи кориро дар давраи гузашта ҷамъбаст кард ва ба кори пурсамари он дар соли оянда изҳор кард.
Дар ҳамин ҷаласа Раёсати Гурӯҳи корӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, раиси ин Гурӯҳ интихоб шуд.
Дар рафти ҷаласа иштирокчиён дар бораи пешниҳодҳо барои нусхаи нави Созишнома дар бораи муносибатҳои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ ва Барномаи ҳамкории амнияти озуқаворӣ табодули назар карданд.
Коршиносон ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро идома диҳанд ва корҳоро дар бораи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки ба рушди устувори комплекси агросаноатии кишварҳои узви ИДМ нигаронида шудаанд, зуд анҷом диҳанд.
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории назди Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба комплекси агросаноатии кишварҳои узви ИДМ дар моҳи апрели соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.