Раёсати Шӯрои авиатсионии ИДМ ба Тоҷикистон вогузор мешавад

© Sputnik / Павел ЛьвовСамолет Boeing 777 авиакомпании "Аэрофлот". Архивное фото
Самолет Boeing 777 авиакомпании Аэрофлот. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2025
Обуна шудан
Ҳуқуқи раёсати Шӯрои авиатсионии ИДМ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол мегузарад
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Тоҷикистон соли 2026 раёсати Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ-ро ба ӯҳда мегирад.
Ин хабарро Кумитаи байнидавлатии авиатсия эълон кард ва афзуд, ки ҷумҳурии мо ин ваколатро аз Русия мегирад.
Қайд карда мешавад, ки Тоҷикистон се сол раиси Шӯро хоҳад буд.
"Соли 2025 раёсати Русия дар Шӯро ба охир мерасад ва Тоҷикистон се соли оянда раёсати онро ба ӯҳда мегирад", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи тартиби амалкунанда, аз 1 январи соли 2026 ин созмонро директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Ҳабибулло Назарзода роҳбарӣ мекунад.
Ҷаласаи Шӯро дар Душанбе рӯзҳои 23-24 апрели соли 2026 баргузор мешавад.
Флажок и планшет с символикой ШОС.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2025
Раёсати дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ ба Тоҷикистон гузашт
Бояд қайд кард, ки созишнома дар бораи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ аз ҷониби сарони давлатҳои ИДМ моҳи декабри соли 1991 имзо шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0