Оё Криштиан Роналду ба Тоҷикистон меояд? Посухи "Истиқлол"

© Sputnik / Алексей ФилипповИгрок сборной Португалии Криштиану Роналду. Архивное фото
Игрок сборной Португалии Криштиану Роналду. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Котиби матбуотии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе Рустам Ҳакимов, дар бораи хоҳиши мухлисони тоҷик барои дидани Криштиану Роналду дар бозӣ дар Ҳисор сӯҳбат кард
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Мухлисони футбол бесаброна интизори омадани Криштиан Роналду, капитани дастаи футболи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ, барои бозии оянда бо "Истиқлол" ба Тоҷикистон ҳастанд.
Дар ин бора, Рустам Ҳакимов, котиби матбуотии дастаи Душанбе, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт.
"Аммо то ба ҳол мо дақиқ намедонем, ки оё меояд ё хайр. Мо бо дастаи “Алнаср” дар тамос ҳастем, онҳо ҳам то ба ҳол як ҳарфи дақиқ нагуфтаанд", - гуфт Рустам Ҳакимов.
Ҳакимов ёдовар шуд, ки дар бозии қаблӣ, ки миёни тими “Истиқлол” – и Душанбе ва “Алнаср” – и Риёз баргузор шуда буд, ин ситораи футболи ҷаҳон ҳузур наёфт.
Масъули матбуотии тими “Истиқлол” мегӯяд, омадани Роналду ба Тоҷикистон, ки бори аввал иттифоқ хоҳад афтод, барои мухлисони футболи ҷумҳурӣ як ид хоҳад буд.
“Рӯзи 24 ноябр ҳайати “Алнаср” вориди Душанбе мешавад ва хоҳем дид, ки Роналду хоҳад омад ё не,” – гуфт Рустам Ҳакимов.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26 ноябр дар варзишгоҳи “Ҳисор” – и шаҳри Ҳисор, 25 – километрии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон давраи панҷуми мусобиқоти Лига чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Алнаср”, яке аз тимҳои қавии Арабистони Саудӣ, баргузор мешавад.
Вижагии ин бозӣ дар он аст, ки дар тими саудӣ Криштиану Роналду, аз ситораҳои футболи ҷаҳон, бозӣ мекунад.
Мубин Эргашев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2025
"Ба Лигаи олӣ роҳ ёфтан душвор аст": мусоҳиба бо сармураббии нави "Саразм" Мубин Эргашев
“Ал-Наср” дар гуруҳи “Д”-и мусобиқоти Лига чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё бо гирифтани 12 хол дар мақоми аввал, “Алзавраа”-и Бағдод (Ироқ) ва “Истиқлол” бо касби 6 хол мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм ва “Гоа” – и штати Гоаи Ҳиндустон бидуни ҳеҷ хол дар мақоми охир қарор доранд.
Дар бозии миёни “Истиқлол” ва “Алнаср”, ки 5 декабри соли 2023 баргузор шуда буд, Криштиану Роналду ширкат надошт. Сабабҳои ширкат накардани ӯро низ ҷонибҳо дақиқ нагуфтанд.
Лентаи хабарҳо
0