"Хӯроки мактабӣ на танҳо ғизо...": нуктаҳои муҳим аз форуми ИДМ дар Душанбе

© Foto / Департамент экономического сотрудничества Исполнительного комитета СНГМеждународный форум по школьному питанию стран СНГ "Школьное питание — инвестиции в здоровое поколение нации".
Международный форум по школьному питанию стран СНГ Школьное питание — инвестиции в здоровое поколение нации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2025
Обуна шудан
Дар Душанбе коршиносон чораҳои амалии беҳтар кардани саломатии кӯдакон ва ғизои мактабиро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 21 ноя - Sputnik. Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии ғизои мактабӣ дар кишварҳои ИДМ бо номи "Хӯроки мактабӣ: Сармоягузорӣ ба насли солим" кушода шуд.
Дар ин чорабинӣ коршиносон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои Иттиҳод ширкат карданд, гузориш медищад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Мутахассисон барои муҳокимаи чораҳои амалӣ барои беҳтар кардани саломатии кӯдакон ва такмили системаҳои хӯроки мактабӣ ҷамъ омаданд.
"Хӯроки мактабӣ на танҳо ғизо, балки як қадам ба сӯи оянда аст. Хӯроки нисфирӯзии мактабӣ инчунин метавонад асоси одатҳои солим дар оила гардад", - гуфт Татяна Бутская, муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи оилаи Думаи давлатӣ, ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, хӯроки мактабӣ инчунин баробарии иҷтимоӣ ва таҳсилоти кӯдакро тақвият медиҳад, зеро вақте ки онҳо хуб ғизо мегиранд, масалан, ҷадвалҳои зарбро беҳтар мефаҳманд.
"Дар кишварҳои гуногун, мактаббачагон ва кӯдакон умуман 25% аҳолиро ташкил медиҳанд, аммо онҳо 100% ояндаи ҳар як кишвар мебошанд. Аз ин рӯ, гузаштагони дури мо гуфтаанд: "Ман ҳамон чизе ҳастам, ки мехӯрам". Ва форуми мо маҳз дар ҳамин бора аст", - шарҳ дод ӯ.
Форуми "Хӯроки мактабӣ: Сармоягузорӣ ба насли солим" дар Душанбе се рӯз давом мекунад. Иштирокчиён таҷрибаҳои миллиро муаррифӣ мекунанд, мушкилоти кунуниро муҳокима ва ташаббусҳои муштаракеро таҳия мекунанд, ки ба таъмини хӯроки мактабӣ барои миллионҳо кӯдакон дар кишварҳои Иттиҳод нигаронида шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0