Ифтитоҳи се қитъаи роҳи Деҳмой-Конибодом бо 11 пул ва 17 истгоҳ

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаАвтомобильная дорога Дехмой-Канибадам
Автомобильная дорога Дехмой-Канибадам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2025
Обуна шудан
Дар назар аст, ки сохтмони қитъаи чоруми ин масир Куруш-Бекобод бо дарозии 12,7 км ба маблағи зиёда аз 8 млн доллар ба роҳ монда шавад
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Се қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом - Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодом, ки 8 октябри соли 2021 оғоз шуда, инак, пас аз чор сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи роҳ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат кард, гузориш медиҳад, хадамоти матбуотии президент.
Роҳи мошингарди Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз, Кучкак-Конибодом дар масофаи 52 км дар доираи Барномаи Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ва ВМКБ амалӣ карда мешавад, бо арзиши 56 млн доллар бунёд гардидааст.
© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаАвтомобильная дорога Дехмой-Канибадам - Дехмой-Бободжон Гафуров, Бободжон Гафуров-Хистеварз и Кучкак-Канибадам
Автомобильная дорога Дехмой-Канибадам - Дехмой-Бободжон Гафуров, Бободжон Гафуров-Хистеварз и Кучкак-Канибадам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2025
Дар роҳи Деҳмой-Конибодом 11 пули мошингузар, 17 истгоҳ, деворҳои оҳану бетонӣ, хатҳои барқ ва алоқа аз ҳарду канори роҳ, пиёдароҳҳо аз тахтасанг, панҷараҳои ҳимоявии канори роҳ, насби аломатҳои роҳ ва бунёди дигар иншооти ёрирасон мувофиқи лоиҳа бунёд гардидааст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки аз ҳисоби маблағҳои сарфашудаи Барномаи Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бо арзиши 4,5 млн доллар иловатан қитъаи Хистеварз-Соҳилоб бо дарозии 9,7 км навсозӣ шуда, оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин масири иловагӣ 3 пули мошингузар пешбинӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар масири Деҳмой-Конибодом баҳои баланд дода, изҳор доштааст, ки дар асоси дурнамо шоҳроҳҳои байналмилалии нақлиётӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил ёбад.
Ташаккули инфрасохтори муосири нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди роҳҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмиллалӣ дар қатори дигар дастовардҳои даврони истиқлолият барои зиндагии шоиста ва босаодати мардум нақши арзишманд доранд.
© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаАвтомобильная дорога Дехмой-Канибадам - Дехмой-Бободжон Гафуров, Бободжон Гафуров-Хистеварз и Кучкак-Канибадам
Автомобильная дорога Дехмой-Канибадам - Дехмой-Бободжон Гафуров, Бободжон Гафуров-Хистеварз и Кучкак-Канибадам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2025
Ба иттилои масъулин имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 13 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дорад.
Лоиҳаҳое, ки дар самти роҳу нақлиёт татбиқ мегарданд, на танҳо ба сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёт таъсири мусбӣ мегузоранд, балки нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари транзитӣ боло мебардоранд.
Лентаи хабарҳо
0