https://sputnik.tj/20251121/baor-rusiya-sarmoyaguzor-asosi-tojikiston-avruosiyo-1073141302.html
БАОР Русияро сармоягузори асосии Тоҷикистон дар байни кишварҳои АвруОсиё хонд
БАОР Русияро сармоягузори асосии Тоҷикистон дар байни кишварҳои АвруОсиё хонд
Sputnik Тоҷикистон
93%-и сармоягузориҳои ним млрд долларии кишварҳои АвруОсиё ба иқтисоди Тоҷикистон ба Русия рост меояд
2025-11-21T16:12+0500
2025-11-21T16:12+0500
2025-11-21T16:12+0500
иқтисод
русия
дар тоҷикистон
сармоягузорӣ
душанбе
нбо "сангтӯда-1"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/14/1073131056_0:162:3347:2045_1920x0_80_0_0_7bb091932eeba8513e6b020b84b9a4d9.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Русия сармоягузори асосии Тоҷикистон дар байни кишварҳои АвруОсиё аст. Инро роҳбари таҳқиқоти ҳамгироии Бонки АвруОсиёии рушд (БАОР) Александр Забоев, зимни муаррифии лоиҳа дар Душанбе изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, сармоягузориҳои кишварҳои АвруОсиё дар Тоҷикистон беш аз ним миллиард долларро ташкил медиҳанд.Аз ин шумора, 93%-и сармоягузориҳо ба Русия рост меояд. Дар маҷмӯъ, сармоягузории ҷамъшуда аз кишварҳои шарики калидии Тоҷикистон қариб 2,4 млрд долларро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, Чин сармоягузориҳои бузургро ба истихроҷ ва коркарди тилло анҷом медиҳад, афзуд ӯ.Ӯ инчунин қайд кард, ки сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш меёбад. Ба гуфтаи Забоев, Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ ҷолиб аст. Сармоягузории ҷамъшудаи хориҷӣ дар кишвар аз 5 млрд доллар зиёд аст. Нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-1 як корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки соли 2005 таъсис ёфтааст.Саҳми Русия дар сармояи оинномавӣ 75% ва саҳми Тоҷикистон 25% ва як саҳмияро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳ бо иқтидори 670 МВт дар дарёи Вахш дар вилояти Хатлон ҷойгир аст. Он 12%-и истеҳсоли умумии нерӯи барқи ҷумҳуриро таъмин мекунад. Тибқи маълумоти расмӣ, нерӯгоҳ дар шаш моҳи аввали соли 2025 қариб 1,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст. Қаблан хабар дода шуд, ки Русия ва Тоҷикистон дар масъалаҳои ҷории марбут ба нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда ба мувофиқа расидаанд. Ҷонибҳо протоколи Созишномаи мавҷударо имзо карданд, ки шартҳои пардохти марҳилавии қарзро, ки то охири моҳи декабри соли 2024 қариб 298 млн долларро ташкил медод, муайян мекунад.
https://sputnik.tj/20251015/tarhho-sarmoyaguzori-rusiya-tojikiston-1072127544.html
русия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/14/1073131056_309:0:3040:2048_1920x0_80_0_0_5f0207f138b6c8602e8cb162a92d24c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, сармоягузор, тоҷикистон
русия, сармоягузор, тоҷикистон
БАОР Русияро сармоягузори асосии Тоҷикистон дар байни кишварҳои АвруОсиё хонд
93%-и сармоягузориҳои ним млрд долларии кишварҳои АвруОсиё ба иқтисоди Тоҷикистон ба Русия рост меояд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Русия сармоягузори асосии Тоҷикистон дар байни кишварҳои АвруОсиё аст.
Инро роҳбари таҳқиқоти ҳамгироии Бонки АвруОсиёии рушд (БАОР) Александр Забоев, зимни муаррифии лоиҳа дар Душанбе изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, сармоягузориҳои кишварҳои АвруОсиё дар Тоҷикистон беш аз ним миллиард долларро ташкил медиҳанд.
Аз ин шумора, 93%-и сармоягузориҳо ба Русия рост меояд.
"Бахши асосии сармоягузорӣ энергетика ва бузургтарин лоиҳа, нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-1 мебошад", - шарҳ дод, коршинос.
Дар маҷмӯъ, сармоягузории ҷамъшуда аз кишварҳои шарики калидии Тоҷикистон қариб 2,4 млрд долларро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, Чин сармоягузориҳои бузургро ба истихроҷ ва коркарди тилло анҷом медиҳад, афзуд ӯ.
Ӯ инчунин қайд кард, ки сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш меёбад.
Ба гуфтаи Забоев, Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ ҷолиб аст. Сармоягузории ҷамъшудаи хориҷӣ дар кишвар аз 5 млрд доллар зиёд аст.
Нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-1 як корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки соли 2005 таъсис ёфтааст.
Саҳми Русия дар сармояи оинномавӣ 75% ва саҳми Тоҷикистон 25% ва як саҳмияро ташкил медиҳад.
Нерӯгоҳ бо иқтидори 670 МВт дар дарёи Вахш дар вилояти Хатлон ҷойгир аст. Он 12%-и истеҳсоли умумии нерӯи барқи ҷумҳуриро таъмин мекунад.
Тибқи маълумоти расмӣ, нерӯгоҳ дар шаш моҳи аввали соли 2025 қариб 1,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки Русия ва Тоҷикистон дар масъалаҳои ҷории марбут ба нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда ба мувофиқа расидаанд. Ҷонибҳо протоколи Созишномаи мавҷударо имзо карданд, ки шартҳои пардохти марҳилавии қарзро, ки то охири моҳи декабри соли 2024 қариб 298 млн долларро ташкил медод, муайян мекунад.