https://sputnik.tj/20251119/vkd-shahrvand-tojikiston-tojikiston-1073089513.html
ВКД: “Шаҳрванди Тоҷикистон буд, аммо дар Тоҷикистон набуд”
ВКД: “Шаҳрванди Тоҷикистон буд, аммо дар Тоҷикистон набуд”
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон шаҳрванди ин кишвар будани фарди мазнун дар созмондеҳии як ҳамлаи террористӣ дар қабристоне дар Маскавро таъйид кард
2025-11-19T18:23+0500
2025-11-19T18:23+0500
2025-11-19T18:23+0500
дар тоҷикистон
қабристон
вкд
терроризм
русия
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/04/1031679115_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_d68ca70652b923784bfe09ab49f25a4d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Бино ба иттилоъе, ки аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, Ҷалолуддин Шамсов, фарди мазнун дар созмондеҳии як ҳамлаи террористии ноком дар қабристони Троекуровски шаҳри Маскав, шаҳрванди Тоҷикистон буд, аммо чанд сол ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳузур пайдо накардааст.“Бино ба иттилоъи мо, ӯ ба Русия сафар карда, аз он ҷо ба Украина рафтааст. Ва бино ба гуфтаи наздиконаш, як муддат миёни ин ду кишвар равуо доштааст”, - гуфт манбаъ.Бино ба ин манбаъ, Шамсов зодаи деҳаи Озодии ноҳияи Ёвон буда, солҳои ахир дар деҳа ҳузур надоштааст.“Дар ҳоли ҳозир нисбати равшан кардани шахсияти ӯ ва ин ки дар ҷиноёт даст дорад ё надорад, таҳқиқ идома дорад ва тибқи созишномаи миёни вазоратҳои дохилаи Тоҷикистону Русия, маълумоти зарурӣ дар ихтиёри ҳамкорони мо дар Русия қарор дода хоҳад шуд”, - гуфт манбаъ.Қаблан мақомоти амниятии Русия гузориш дода буданд, ки як ҳамлаи террористӣ алайҳи Сергей Шойгу, котиби Шӯрои амнияти Русияро, ки интизор мерафт барои ёдбуд сари қабри модараш дар қабристони Троекуровски шаҳри Маскав ҳузур ёбад, хунсо кардаанд.Бино ба маълумоти онҳо, ин ҳамла бо супориши Хадамоти вижаи Украина аз сӯи як муҳоҷири ғайриқонунӣ ва ду муътод ба маводи мухаддир, шаҳрвандони Русия, бояд иҷро мешуд, ки ба анҷом нарасид ва ҳамагӣ боздошт шуданд.Мақомот Ҷалолиддин Шамсов, мутаваллиди 1979, шаҳрванди Тоҷикистон, ҳоло муқими Киев, пойтахти Украинаро фарде унвон кардаанд, ки барномаро пеш мебурд ва ба ҷурми қатлу қочоқи ғайриқонунии аслиҳа таҳти таъқиб қарор дорад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/46680
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/04/1031679115_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_2ece08d20d73e06ffadd4c72a18ffc75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вкд, терроризм, шаҳрванд русия, украина, таркиш
тоҷикистон, вкд, терроризм, шаҳрванд русия, украина, таркиш
ВКД: “Шаҳрванди Тоҷикистон буд, аммо дар Тоҷикистон набуд”
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон шаҳрванди ин кишвар будани фарди мазнун дар созмондеҳии як ҳамлаи террористӣ дар қабристоне дар Маскавро таъйид кард
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Бино ба иттилоъе, ки аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, Ҷалолуддин Шамсов, фарди мазнун дар созмондеҳии як ҳамлаи террористии ноком дар қабристони Троекуровски шаҳри Маскав, шаҳрванди Тоҷикистон буд, аммо чанд сол ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳузур пайдо накардааст.
“Бино ба иттилоъи мо, ӯ ба Русия сафар карда, аз он ҷо ба Украина рафтааст. Ва бино ба гуфтаи наздиконаш, як муддат миёни ин ду кишвар равуо доштааст”, - гуфт манбаъ.
Бино ба ин манбаъ, Шамсов зодаи деҳаи Озодии ноҳияи Ёвон буда, солҳои ахир дар деҳа ҳузур надоштааст.
“Дар ҳоли ҳозир нисбати равшан кардани шахсияти ӯ ва ин ки дар ҷиноёт даст дорад ё надорад, таҳқиқ идома дорад ва тибқи созишномаи миёни вазоратҳои дохилаи Тоҷикистону Русия, маълумоти зарурӣ дар ихтиёри ҳамкорони мо дар Русия қарор дода хоҳад шуд”, - гуфт манбаъ.
Қаблан мақомоти амниятии Русия гузориш дода буданд, ки як ҳамлаи террористӣ алайҳи Сергей Шойгу, котиби Шӯрои амнияти Русияро, ки интизор мерафт барои ёдбуд сари қабри модараш дар қабристони Троекуровски шаҳри Маскав ҳузур ёбад, хунсо кардаанд.
Бино ба маълумоти онҳо, ин ҳамла бо супориши Хадамоти вижаи Украина аз сӯи як муҳоҷири ғайриқонунӣ ва ду муътод ба маводи мухаддир, шаҳрвандони Русия, бояд иҷро мешуд, ки ба анҷом нарасид ва ҳамагӣ боздошт шуданд.
Мақомот Ҷалолиддин Шамсов, мутаваллиди 1979, шаҳрванди Тоҷикистон, ҳоло муқими Киев, пойтахти Украинаро фарде унвон кардаанд, ки барномаро пеш мебурд ва ба ҷурми қатлу қочоқи ғайриқонунии аслиҳа таҳти таъқиб қарор дорад.