Бастаҳои интернетии “Оддӣ”: осон, қулай, муфид

© Foto / Мегафон ТаджикистанМегафон Таджикистан
Мегафон Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2025
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
МегаФон Тоҷикистон бастаҳои интернетии силсилаи “Оддӣ”-ро ҷорӣ намуд. Онҳо ба муштариён имкон медиҳанд, ки ҳаҷми мувофиқи трафикро интихоб кунанд. Ба ғайр аз ин, интернети мобилӣ аз ҷиҳати нарх низ дастрастар шуд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Силсилаи “Оддӣ” панҷ бастаеро дар бар мегирад, ки рақамҳои дар номашон дарҷшуда ҳаҷми умумии трафики дастрасро ифода менамоянд. Масалан, “Оддӣ 3000” 3 000 Мб-ро бо нархи 30 сомонӣ дар бар гирифта, “Оддӣ 20 000” аз 20 000 Мб бо нархи 120 сомонӣ иборат аст. Ҳамаи бастаҳо дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи пайвасткунӣ амал намуда, дар дилхоҳ тарофаҳои ширкат дастрас мебошанд.
Бастаи калонтарин аз силсилаи нав – “Оддӣ 20 000” мебошад. Он 20 000 Мб интернетро бо нархи 120 сомонӣ пешниҳод карда, барои истифодабарандагони фаъоле, ки зиёд видео тамошо мекунанд, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро ба кор мебаранд, мувофиқ меояд. Маълумоти муфассал оид ба таркиб ва нархи бастаҳо – дар ҷадвали зерин:
© Foto / Мегафон ТаджикистанМегафон Таджикистан
Мегафон Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2025
Пайвасткунии бастаҳои интернетии силсилаи “Оддӣ” дар дилхоҳ идораи хизматрасонии ширкат ё мустақилона – тариқи замимаи мобилии “МегаФон Life” ва Ҳуҷраи шахсӣ имконпазир аст.
Агар ҳаҷми трафики интихобгардида нокифоя барояд, бастаи иловагиро метавон пайваст намуд. Барои ин ду вариант пешбинӣ шудааст: “Оддӣ +500” бо 500 Мб бо нархи 7 сомонӣ ва “Оддӣ +1000” бо 1 000 Мб бо нархи 10 сомонӣ. Бастаҳои иловагӣ то анҷоми мӯҳлати амали бастаи асосӣ амал карда, имкон медиҳанд, ки манбаъҳои интернетӣ ба таври қулай идора карда шаванд.
Ҳангоми саривақт супурдани маблағ, яъне дар давоми 72 соат пас аз анҷоми мӯҳлати амали баста бақияи сарфнашудаи трафики интернет ба давраи оянда гузаронида мешавад.
Россия и Таджикистан укрепляют сотрудничество в сфере цифровизации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2025
Ҳамкориҳои Маскаву Душанбе: "МегаФон Тоҷикистон" технологияҳои рақамии русиро ҷорӣ мекунад
Баъди сарфшавии тамоми ҳаҷми трафики пешниҳодгардида нархгузорӣ 0,06 сомониро барои 1 Мб ташкил медиҳад. Ҳангоми ивазкунии тарофа бастаҳои интернетии силсилаи "Оддӣ" қатъ намегарданд.
Бо интихоби яке аз бастаҳои нав муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳаҷми лозимии интернетро бо нархи муфид ба даст меорад ва метавонад имкониятеро бо назардошти талаботи худ ба даст оварад – осон, қулай ва бе шартҳои зиёдатӣ.
Лентаи хабарҳо
0