https://sputnik.tj/20251118/vazorati-difo-asorat-sarbozoni-ukraina-krasnoarmeysk-1073050254.html
Вазорати дифои Русия навори асорати сарбозони аукраиниро дар Красноармейск нашр кард
Вазорати дифои Русия навори асорати сарбозони аукраиниро дар Красноармейск нашр кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия навори асорати ду сарбози Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро бо либоси шаҳрвандӣ нашр кард
2025-11-18T18:06+0500
2025-11-18T18:06+0500
2025-11-18T18:06+0500
украина
амалиёти вижа
русия
асорат
вазорати дифои русия
навор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073033525_0:282:2946:1939_1920x0_80_0_0_d4c4d0c722eb1206c0f671f6ec05b784.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вазорати дифоъи Русия навори боздошти ду сарбози Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро нашр кард, ки худро ғайринизомӣ муаррифӣ карда, бояд шаҳрвандони осоиштаро дар Красноармейск мекуштанд.Петр Гай, як сарбози артиши Украина, ки таслим шуд, қаблан дар як видеои Вазорати дифоъи Русия гуфта буд, ки а фармондеҳаш спориш гирифтааст, ки либоси шаҳрвандӣ пӯшад ва ҳамаи онҳое, ки Красноармейскро (номи украинӣ Покровск аст) тарк мекунанд, аз ҷумла шаҳрвандони осоиштаро кушад."Ҷангҷӯён аз либоси шаҳрвандӣ барои пинҳон кардани худ аз оташи ҷавобӣ истифода мебурданд. Ва бо фармони фармондеҳӣ, онҳо бояд шаҳрвандони осоиштаеро, ки мехостанд ба артиши Русия бирасанд, тирандозӣ кунанд", - қайд кард вазорат.Вазорати дифои Русия афзуд, ки маҳбусон манзилҳоеро, ки сокинон партофта буданд, ғорат мекарданд. Онҳо аз дуздидани пластинкаҳои кӯҳна, отверткаҳо ва ноутбукҳо худдорӣ намекарданд.Ғайр аз ин, сарбозони рус силоҳҳои шахсӣ ва либосҳои низомиеро, ки сарбозони Украина пинҳон карда буданд, пайдо карданд.Сарбозони гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" нобудсозии воҳидҳои муҳосирашудаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро дар Красноармейск идома медиҳанд.Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки танҳо онҳое наҷот меёбанд, ки ягона қарори дурустро қабул кардаанд - силоҳҳои худро ба замин гузоштан ва таслим шудан.
https://sputnik.tj/20251118/nazdikoni-zelenskiy-ermakro-az-kor-ronad-1073048509.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073033525_215:0:2946:2048_1920x0_80_0_0_800cc3d40d78974f2f3f80177e47e7d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, вазорати дифоъ, асорат, сарбохзони украинӣ, красноармейск, нашр, видео, артиши русия, украина, амамиёти вижа
русия, вазорати дифоъ, асорат, сарбохзони украинӣ, красноармейск, нашр, видео, артиши русия, украина, амамиёти вижа
Вазорати дифои Русия навори асорати сарбозони аукраиниро дар Красноармейск нашр кард
Вазорати дифои Русия навори асорати ду сарбози Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро бо либоси шаҳрвандӣ нашр кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вазорати дифоъи Русия навори боздошти ду сарбози Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро нашр кард, ки худро ғайринизомӣ муаррифӣ карда, бояд шаҳрвандони осоиштаро дар Красноармейск мекуштанд.
Петр Гай, як сарбози артиши Украина, ки таслим шуд, қаблан дар як видеои Вазорати дифоъи Русия гуфта буд, ки а фармондеҳаш спориш гирифтааст, ки либоси шаҳрвандӣ пӯшад ва ҳамаи онҳое, ки Красноармейскро (номи украинӣ Покровск аст) тарк мекунанд, аз ҷумла шаҳрвандони осоиштаро кушад.
"Ҷангҷӯён аз либоси шаҳрвандӣ барои пинҳон кардани худ аз оташи ҷавобӣ истифода мебурданд. Ва бо фармони фармондеҳӣ, онҳо бояд шаҳрвандони осоиштаеро, ки мехостанд ба артиши Русия бирасанд, тирандозӣ кунанд", - қайд кард вазорат.
Вазорати дифои Русия афзуд, ки маҳбусон манзилҳоеро, ки сокинон партофта буданд, ғорат мекарданд. Онҳо аз дуздидани пластинкаҳои кӯҳна, отверткаҳо ва ноутбукҳо худдорӣ намекарданд.
Ғайр аз ин, сарбозони рус силоҳҳои шахсӣ ва либосҳои низомиеро, ки сарбозони Украина пинҳон карда буданд, пайдо карданд.
Сарбозони гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" нобудсозии воҳидҳои муҳосирашудаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро дар Красноармейск идома медиҳанд.
Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки танҳо онҳое наҷот меёбанд, ки ягона қарори дурустро қабул кардаанд - силоҳҳои худро ба замин гузоштан ва таслим шудан.