Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вакили парлумони Лаҳистон хостори қатъи маблағгузории Украина шуд

© AP / Alik KepliczВид на Варшаву. Иллюстративное фото
Вид на Варшаву. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2025
Обуна шудан
Вакили парлумон Туманович даъват кард, ки маблағгузории Украина бинобар фасодзадагиаш фавран қатъ карда шавад
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Витолд Туманович, узви Сейми Лаҳистон аз ҳизби "Конфедератсия", аз ҳукумати кишвар талаб мекунад, ки маблағгузории Украинаро бо сабаби фасодзадагиаш қатъ кунад.
"Ба наздикӣ Бюрои миллии мубориза бо фасоди Украина ва Додситонии махсуси мубориза бо фасоди Украина як низоми густурдаи фасодро дар бахши энергетикаи Украина ошкор карданд. Иштирокчиёни ин нақша аз пудратчиёни операторони нерӯгоҳҳои атомӣ ба маблағи 10-15% арзиши шартнома пора гирифтанд. Ҳадди ақал 100 миллион доллар аз дасти мансабдорони фасодзада гузаштааст. Тибқи маълумоти ҳукумат, Лаҳистон танҳо дар солҳои 2022-2023 тақрибан 4% ММД-и худро барои кӯмак ба Украина сарф кардааст", - гуфт Туманович, аз минбари Сейм (парлумон).
Ба андешаи вай, Сейми Лаҳистон "бояд инро ба назар гирад ва аз Шӯрои вазирон даъват кунад, ки аз дастгирии Украина бо пули андозсупорандагони Лаҳистон ва махсусан пардохти фоизҳо барои қарзҳои Украина даст кашад."
"Маблағгузории ин ҳукумати фасодзадаро дар Украина бас кунед", - гуфт Туманович.
Владимир Зеленский и глава офиса президента Андрей Ермак во время своего визита в 110-ю украинскую механизированную бригаду в Авдеевке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Расонаҳо: Наздикони Зеленский ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки Ермакро аз кор ронад
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Лаҳистон, дар доираи созишнома бо Комиссияи Аврупо, қариб 26 миллион евроро барои қарзҳои гирифтаи Украина дар соли 2025 пардохт мекунад.
Бюрои миллии мубориза бо коррупсияи Украина 10 ноябр эълон кард, ки дар бахши энергетика амалиёти махсуси васеъмиқёсро бар зидди фасод анҷом медиҳад ва акси халтаҳои пур аз бастаҳои асъори хориҷиро, ки ҳангоми амалиёт ёфт шуд, нашр кард.
Лентаи хабарҳо
0