Медведев аз истеҳсоли паҳподҳо дар Русия ситоиш кард

© Sputnik / Станислав Красильников / Гузариш ба медиабонкБоевая работа расчета БПЛА "Ланцет" группировки "Центр"
Боевая работа расчета БПЛА Ланцет группировки Центр  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2025
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки кишвараш ҳавопаймоҳои бесарнишинро нисбат ба дигар кишварҳо беҳтару бештар истеҳсол мекунад
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дмитрий Медведев, раиси ҳизби "Русияи воҳид" ва муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, гуфт, ки Русия ҳавопаймоҳои бесарнишинро нисбат ба дигар кишварҳо беҳтар истеҳсол мекунад.
Оқои Медведев ахиран дар гирдиҳамоии саросарӣ фаъолони "Гвардияи ҷавон" дар Маскав ширкат варзид. Ин гирдиҳамоӣ ба 20-умин солгарди таъсиси ҷиноҳи ҷавонони "Русияи воҳид" бахшида шудааст.
"Вазифаи ба ҳамин андоза муҳим ин аст, ки дар бораи оянда фикр кунем, соҳибихтиёрии технологии кишвари худро таъмин кунем, то он воқеан соҳибихтиёр ва мустақил бошад, роҳи рушди худро интихоб кунем, иқтисоди қавӣ бунёд кунем ва таҷҳизоти худро истеҳсол кунем: асбобҳои дастгоҳӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин, ҳамонҳое, ки мо аллакай истеҳсол мекунем, шояд аз дигар кишварҳо беҳтар бошанд", - гуфт ӯ.
Виктор Медведчук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведчук гуфт, чаро барои украиниҳо сарнагун кардани режими Зеленский душвор аст
Медведев инчунин қайд кард, ки чунин корҳо фавран маводҳои нав, микро ва макроэлектроника, технологияҳои кимиёвӣ, биотехнология ва технологияҳои тиббиро талаб мекунанд.
"Ин замина барои оянда аст ва инчунин хеле муҳим аст, ки онро пайгирӣ кунем", - таъкид кард Дмитрий Медведев.
Лентаи хабарҳо
0