https://sputnik.tj/20251116/oriz-payomrason-yo-navovarii-muhim-1072978384.html
ORIZ - танҳо паёмрасон ё навоварии муҳим
ORIZ - танҳо паёмрасон ё навоварии муҳим
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо роҳандозии паёмрасон ё мессенҷери миллӣ дар пайи мардумӣ сохтани дастовардҳои истиқлоли рақамӣ аст
2025-11-16T12:18+0500
2025-11-16T12:18+0500
2025-11-16T12:51+0500
дар тоҷикистон
илм ва фанноварӣ
паём
хадамоти алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/07/1062772737_0:60:3081:1793_1920x0_80_0_0_5939b4ed2a0bb31fa044dc4060c1e08a.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон паёмрасони миллӣ ба номи ORIZ – ро роҳандозӣ кард, ки аз сӯи истифодабарандагон мавриди истиқбол қарор гирифт. Ҷамшед Бобоалиев, роҳбари бахши тиҷорати "Тоҷиктелеком", ки мутахассисонаш ин паёмрасонро эҷод карданд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мутахассисони ин ширкат чанд моҳ сари ин барнома кор карда, ахиран онро ба роҳ андохтанд. Вай афзуд, ин паёмрасонро метавон дар ҳар кунҷу канори ҷаҳон аз платформаҳои мавҷуди интернетӣ ба даст овард ва дар телефонҳои ҳамроҳи худ насб кард.“Бахусус, муҳоҷирини мо дар Русия ва дигар кишварҳо, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳо метавонанд ин паёмрасонро боргирӣ карда, истифода баранд”, - гуфт масъули ширкати “Тоҷиктелеком”. Вай гуфт, дар ҷаҳон технологияҳо ба суръат рушд мекунанд, рақобати ҷаҳонӣ, бахусус, дар самти иттилоотӣ шиддат мегиранд, аз ин хотир, василаҳои миллии муошират ҳам ба истиқлол ва ҳам амнияти миллӣ мусоидат хоҳанд кард.“Ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон, аз ҷумла “Тоҷиктелеком” низ талош мекунанд, ки барои мардуми худ иртиботи осон, босифат, бехатар ва муҳити рақамии комилан ватанӣ ва боэътимодро фароҳам созанд”, - гуфт Ҷамшед Бобоалиев. Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, вуҷуди паёмрасонҳои миллӣ дар ҳар кишвар як гуна замонати амнияти иттилоотӣ ва ҳатто фардии афрод буда метавонад. Сабриддини Бузургмеҳр, мутахассиси фанновариҳои ҷадид, мегӯяд, дар мисоли ҳаводисе, ки дар Ховари Миёна рух доданд, бахусус, Эрон, ки бо кӯмаки паёмрасони амрикоии Ватсап* ҳатто раҳбарони низомиву мулкӣ ва олимони ҳастаии он кишвар террор шуданд, метавон хулоса кард, ки кишварҳо дар ин самт бояд андеша кунанд.Вай афзуд, вобастагӣ аз васоили хориҷӣ амнияти иттилоотӣ ва иртиботи иҷтимоии кишварҳоро барҳам мезанад ва ба болои ин, иртибоботи онҳоро осебпазир мегардонад. “Вақте серверҳо дар ихтиёри хориҷиҳо ҳаст, маълумот, асноди маҳрам, паёму суҳбатҳои шахсии афрод низ дар ихтиёри хадамоти махсуси кишварҳои дигар қарор мегирад. Ин бахусус, барои кормандони ҳукуматӣ, мақомоти махсус ва дар умум шаҳрвандон хатарнок аст”, - гуфт коршинос. Ба қавли ин мутахассиси тоҷик, дар ҳоли ҳозир дар кори ORIZ бархе камбудиҳои техникӣ мушоҳида мешаванд, ки дастандаркорон бояд барои бартараф кардани онҳо талош кунанд. ORIZ аввалин паёмрасони миллии Тоҷикистон буда, ба монанди дигар паёмрасонҳои то ба ҳол маъмули ҷаҳонӣ, шароити ирсоли паёмҳои матнӣ, садоӣ, видеоиро ба меъёрҳои охирини рақамӣ фароҳам месозад. Корбарон метавонанд гурӯҳу каналҳо ва видеоконфронсҳо ташкил намуда, файл, акс ва видеоҳоро бидуни маҳдудият додугирифт кунанд. Барнома дар барои телефонҳои Android (дар Google Play), iOS (дар App Store) ва барои компютерҳои Windows ва Mac, инчунин тавассути веб-версия низ дастрас аст. ORIZ як вожаи арабӣ буда, маънои “арзкунанда” – ро дорад.*Корпоратсияи Meta (соҳиби Facebook, Instagram, WhatsApp) дар Русия ҳамчун ифротгаро эътироф шудааст ва мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20251111/tojikiston-payomrasonii-millii-oriz-rohandozi-1072845325.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/07/1062772737_95:0:2826:2048_1920x0_80_0_0_24fad300f69b0bfcc5b3d71b0f7109de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
oriz, паёмрасон, тоҷикистон, навоварии муҳим
oriz, паёмрасон, тоҷикистон, навоварии муҳим
ORIZ - танҳо паёмрасон ё навоварии муҳим
12:18 16.11.2025 (Навсозишуда: 12:51 16.11.2025) Эксклюзив
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо роҳандозии паёмрасон ё мессенҷери миллӣ дар пайи мардумӣ сохтани дастовардҳои истиқлоли рақамӣ аст
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон паёмрасони миллӣ ба номи ORIZ – ро роҳандозӣ кард, ки аз сӯи истифодабарандагон мавриди истиқбол қарор гирифт.
Ҷамшед Бобоалиев, роҳбари бахши тиҷорати "Тоҷиктелеком", ки мутахассисонаш ин паёмрасонро эҷод карданд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мутахассисони ин ширкат чанд моҳ сари ин барнома кор карда, ахиран онро ба роҳ андохтанд.
“Ҳадафи мо таъмини истиқлоли рақамӣ ва фароҳам сохтани алоқаи боэътимод барои мардуми кишвар аст, то битавонанд амну бидуни ташвиш ба ҳам тамос гиранд ва додаҳову иттилооти онҳо муътамад ҳифз шавад”, - гуфт Ҷамшед Бобоалиев.
Вай афзуд, ин паёмрасонро метавон дар ҳар кунҷу канори ҷаҳон аз платформаҳои мавҷуди интернетӣ ба даст овард ва дар телефонҳои ҳамроҳи худ насб кард.
“Бахусус, муҳоҷирини мо дар Русия ва дигар кишварҳо, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳо метавонанд ин паёмрасонро боргирӣ карда, истифода баранд”, - гуфт масъули ширкати “Тоҷиктелеком”.
Вай гуфт, дар ҷаҳон технологияҳо ба суръат рушд мекунанд, рақобати ҷаҳонӣ, бахусус, дар самти иттилоотӣ шиддат мегиранд, аз ин хотир, василаҳои миллии муошират ҳам ба истиқлол ва ҳам амнияти миллӣ мусоидат хоҳанд кард.
“Ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон, аз ҷумла “Тоҷиктелеком” низ талош мекунанд, ки барои мардуми худ иртиботи осон, босифат, бехатар ва муҳити рақамии комилан ватанӣ ва боэътимодро фароҳам созанд”, - гуфт Ҷамшед Бобоалиев.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, вуҷуди паёмрасонҳои миллӣ дар ҳар кишвар як гуна замонати амнияти иттилоотӣ ва ҳатто фардии афрод буда метавонад.
Сабриддини Бузургмеҳр, мутахассиси фанновариҳои ҷадид, мегӯяд, дар мисоли ҳаводисе, ки дар Ховари Миёна рух доданд, бахусус, Эрон, ки бо кӯмаки паёмрасони амрикоии Ватсап* ҳатто раҳбарони низомиву мулкӣ ва олимони ҳастаии он кишвар террор шуданд, метавон хулоса кард, ки кишварҳо дар ин самт бояд андеша кунанд.
“Мо чанд маротиба шоҳиди он будем, ки солҳои ахир дар бархе кишварҳо дастрасӣ ба платформаҳои хориҷӣ маҳдуд шуд. Масалан, дар Русия замоне Телеграм ва Вотсап* маҳдуд шуданд, аз ҷумла ҳазорҳо муҳоҷир барои иртибот бо аҳли оилаи худ дар Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ шуданд. Ин мушкил ҳанӯз бартараф нашудааст”, - гуфт Сабриддини Бузургмеҳр.
Вай афзуд, вобастагӣ аз васоили хориҷӣ амнияти иттилоотӣ ва иртиботи иҷтимоии кишварҳоро барҳам мезанад ва ба болои ин, иртибоботи онҳоро осебпазир мегардонад.
“Вақте серверҳо дар ихтиёри хориҷиҳо ҳаст, маълумот, асноди маҳрам, паёму суҳбатҳои шахсии афрод низ дар ихтиёри хадамоти махсуси кишварҳои дигар қарор мегирад. Ин бахусус, барои кормандони ҳукуматӣ, мақомоти махсус ва дар умум шаҳрвандон хатарнок аст”, - гуфт коршинос.
Ба қавли ин мутахассиси тоҷик, дар ҳоли ҳозир дар кори ORIZ бархе камбудиҳои техникӣ мушоҳида мешаванд, ки дастандаркорон бояд барои бартараф кардани онҳо талош кунанд. ORIZ аввалин паёмрасони миллии Тоҷикистон буда, ба монанди дигар паёмрасонҳои то ба ҳол маъмули ҷаҳонӣ, шароити ирсоли паёмҳои матнӣ, садоӣ, видеоиро ба меъёрҳои охирини рақамӣ фароҳам месозад.
Корбарон метавонанд гурӯҳу каналҳо ва видеоконфронсҳо ташкил намуда, файл, акс ва видеоҳоро бидуни маҳдудият додугирифт кунанд. Барнома дар барои телефонҳои Android (дар Google Play), iOS (дар App Store) ва барои компютерҳои Windows ва Mac, инчунин тавассути веб-версия низ дастрас аст.
ORIZ як вожаи арабӣ буда, маънои “арзкунанда” – ро дорад.
*Корпоратсияи Meta (соҳиби Facebook, Instagram, WhatsApp) дар Русия ҳамчун ифротгаро эътироф шудааст ва мамнӯъ аст.