Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия бо мушакҳои "Кинжал" ба иншооти ҳарбӣ-саноатии Украина ҳамлаи ҷавобӣ анҷом дод

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкМногоцелевой истребитель МиГ-31 с гиперзвуковой ракетой "Кинжал"
Многоцелевой истребитель МиГ-31 с гиперзвуковой ракетой Кинжал  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2025
Обуна шудан
Давоми ҳафта артиши Русия як ҳамлаи якҷоя ва панҷ ҳамлаи гурӯҳӣ анҷом дода, ба иншооти низомӣ, газу энержии Украина зарба зад
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Нерӯҳои Русия бо истифода аз мушакҳои фаросавтии "Кинжал" ба иншооти ҳарбӣ-саноатӣ ва энержии Украина ҳамлаи ҷавобӣ анҷом доданд.
Дар ин бора, Вазорати дифои Русия хабар додааст.
"Дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ ба иншооти ғайринизомӣ дар Русия, <...> бо истифода аз силоҳҳои дақиқи дурпарвози ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ, аз ҷумла мушакҳои аэробаллистикии фаросавтии "Кинжал", инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин ба иншооти ҳарбӣ- саноатӣ ва энергетикии Украина, ки фаъолияти онҳоро таъмин мекунанд, ҳамлаи калон анҷом дода шуд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Шаби ҷумъа дар саросари Украина баландгӯякҳои ҳамлаҳои ҳавоӣ садо доданд. Расонаҳои маҳаллӣ дар бораи силсилаи таркишҳо дар Киев хабар доданд.
Давоми ҳафта артиши Русия як ҳамлаи якҷоя ва панҷ ҳамлаи гурӯҳӣ анҷом дода, ба иншооти низомӣ, газу энержӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, ки аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Украина истифода мешаванд, фурудгоҳҳо, анборҳо ва ҷойҳои партоби ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳамлавар ва ҷойҳои муваққатии ҷойгиршавии ҷангиён, миллатгароён ва зархаридон зарба зад.
Боевое слаживание военных разведчиков группировки Запад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Русия даҳ кӯшиши ҳавопаймоҳои Украинаро пешгирӣ карданд
Аз оғози амалиёти вижаи низомӣ душман 668 ҳавопаймо, 283 чархбол, 96549 паҳпод, 636 системаи дифоъи ҳавоӣ, 26020 танк ва дигар мошинҳои ҷангии зиреҳпӯш, 1611 системаи мушакӣ, 31286 тӯп ва миномётҳои саҳроӣ ва 46649 мошини махсуси низомиро аз даст додааст.
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомӣ анҷом медиҳад.
Президенти Русия Владимир Путин вазифаи худро ҳамчун "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти махсус озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад. Кишварҳои Ғарб расман иштироки худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба артиши Украина силоҳ медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0