ИИАО дастурҳои сиёсати макроиқтисодиро барои солҳои 2026-2027 муқаррар кард

© Foto / Пресс-служба Евразийской экономической комиссииКоллегия ЕЭК одобрила проект Основных ориентиров макроэкономической политики стран ЕАЭС на 2026-2027 годы
Коллегия ЕЭК одобрила проект Основных ориентиров макроэкономической политики стран ЕАЭС на 2026-2027 годы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2025
Обуна шудан
Дар ин ҳуҷҷат афзоиши ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ, бартараф кардани монеаҳои тиҷоратӣ ва рушди бозори ягонаи хизматрасониҳо пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя - Sputnik. Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё тарщи Дастурҳои асосии сиёсати макроиқтисодии кишварҳои узвро барои солҳои 2026-2027 тасдиқ кард.
Ин ҳуҷҷати стратегӣ мувофиқи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҳия шуда, ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиро барои муҳлати кӯтоҳ ва миёна муайян мекунад.
Тибқи изҳороти комиссия, ҳуҷҷат тамоюлҳои кунунии рушдро ҳам дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳам дар иқтисодиёти миллии кишварҳои узви Иттиҳод ба назар мегирад.
Намояндагони иттиҳод итминон доранд, ки татбиқи муқаррароти ҳуҷҷат ба кишварҳои узв имкон медиҳад, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии худро дар давраи миёнамуҳлат бо суръати на камтар аз иқтисоди ҷаҳонӣ таъмин кунанд.
Самтҳои асосии ҳуҷҷат се блоки асосиро дар бар мегиранд.
Самтҳои аввал ба фароҳам овардани муҳити мусоиди макроиқтисодӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ нигаронида шудаанд.
Ин таъмини устувории нархҳо, нигоҳ доштани буҷаи мутавозини давлатӣ ва идоракунии бори қарз, рушди муҳити рақобатпазир ва афзоиши мунтазами саҳми ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ дар тиҷорати мутақобила мебошад.
Қисми дуюм барои тақвияти ҳамкории саноатӣ ва рушди иқтидори технологии ИИАО равона шудааст.
Уборка урожая пшеницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2025
Нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО 10,2% афзоиш ёфт
Ба таври мушаххас, таҳияи механизмҳои дастгирии молиявӣ барои лоиҳаҳои муштарак дар комплекси агросаноатӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бояд робитаҳои ҳамгироиро дар бахши воқеии иқтисодиёт тақвият диҳанд.
Қисмати сеюми чораҳо барои таъмини фаъолияти бефосилаи бозори дохилии ИИАО ва васеъ кардани имкониятҳои тиҷорати хориҷӣ равона шудааст.
Ин бартарафсозии минбаъдаи монеаҳо дар тиҷорати мутақобила, кам кардани истисноҳо ва маҳдудиятҳои мавҷуда, ташаккули бозори ягонаи хизматрасонӣ ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар дигар соҳаҳои ҳамкории ҳамгироиро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0