Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 8 мошин тақдим кард

© Foto / Совет Федерации федерального собрания РФЦеремония передачи автомобилей представителям российско-таджикистанских образовательных учреждений
Церемония передачи автомобилей представителям российско-таджикистанских образовательных учреждений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2025
Обуна шудан
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия таъкид кард, ки ин мошинҳо унсури муҳими дастгирии мактабҳои русӣ-тоҷикӣ хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 14 ноя - Sputnik. Ҳайати Русия ба намояндагони муассисаҳои таълимии Русияву Тоҷикистон мошинҳои сабукрави истеҳсоли Русияро тақдим кард.
Дар маросими супоридани калид дар мактаби ба номи Юрий Гагарин дар Душанбе раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко ва раиси парлумони Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ширкат карданд.
Матвиенко қайд кард, ки мошинҳои сабукрави истеҳсоли Русия дар роҳҳои Осиёи Марказӣ аллакай саныида шудаанд.
Ба гуфтаи вай, мошинҳо ба унсури муҳими дастгирии мактабҳои русӣ-тоҷикӣ табдил меёбанд, ки дар лоиҳаи "Муаллими русӣ дар хориҷа", ки аз ҷониби президентҳои Русия ва Тоҷикистон оғоз шудааст, иштирок мекунанд.
"Роҳбарони ду кишвар ба маориф таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд ва инро сармоягузорӣ ба оянда медонанд", - таъкид кард раиси Шӯрои Федератсия.
Вай инчунин аз роҳбарияти Тоҷикистон барои таваҷҷуҳаш ба рушди забони русӣ изҳори сипос кард.
Матвиенко хотиррасон кард, ки Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки лоиҳаи "Муаллими русӣ дар хориҷа"-ро амалӣ кард; айни замон 109 муаллими русӣ дар кишвар кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0