Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Коршинос: Паноҳандагони украинӣ барои кишварҳои ИА ба бори гарон табдил ёфтаанд

© AP / Markus SchreiberГраждане Украины перед консульским отделом посольства Украины в Берлине, Германия, 1 апреля 2022 года.
Граждане Украины перед консульским отделом посольства Украины в Берлине, Германия, 1 апреля 2022 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2025
Обуна шудан
Садри аъзами Олмон Мертс аллакай аз Зеленский даъват кардааст, ки барои таъмини ҷойҳои корӣ барои ҷавонони украинӣ, ки ба Олмон бештар меоянд, чора андешад
ДУШАНБЕ, 14 ноя - Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, бахусус Олмон, мехоҳанд вуруди паноҳандагони украиниро, ки ба бори гарон табдил ёфтаанд, маҳдуд кунанд.
Ин андешаро Александр Гусев, сиёсатшинос ва профессори Академияи илмҳои Русия, дар мусоҳиба бо РИА Новости баён кард.
Рӯзи панҷшанбе, садри аъзами Олмон Фридрих Мертс изҳор дошт, ки дар сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Зеленский аз ӯ хостааст, ки барои таъмини хидмати низомӣ барои ҷавонони украинӣ, ки ба Олмон бештар меоянд, чораҳо андешад.
"Паноҳандагони украинӣ барои кишварҳои аврупоӣ, ҳатто барои кишварҳои ба назар пуриқтидори иқтисодӣ ба монанди Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир, ба бори гарон табдил ёфтаанд. Ин тамоюл рӯ ба афзоиш аст", - гуфт Гусев.
Ба гуфтаи коршинос, Мертс аз Зеленский хоҳиш кард, ки чораҳоеро барои пешгирӣ аз рафтани ҷавонони украинӣ андешад, то онҳо тавонанд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҳамроҳ шаванд.
"Ҳадафи якум, кам кардани шумораи гурезагон ва ҳаҷми кӯмак аст. Дуюм, ҷалби аҳолии ҷавони Украина ба ҷанг бо Русия. Олмон, ҳамчун узви "эътилофи хоҳишмандон" дар Украина, ҳадаф дорад, ки бо истифода аз украиниҳо бо Русия мубориза барад", - бовар дорад коршинос.
Мэр Киева Виталий Кличко. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кличко норасоии сарбозонро дар Украина эътироф кард
Авохири моҳи август, Девони вазирони Украина ба ҳамаи мардони аз 18 то 22-сола иҷозат дод, ки ба хориҷа сафар кунанд.
Баъдтар расонаҳои Украина хабар доданд, ки ҷавонон Украинаро ба таври оммавӣ тарк мекунанд ва видеоҳои фирори муваффақонаи онҳо шабакаҳои иҷтимоии Украинаро пур карданд.
Қаблан, мардони аз 18 то 60-сола дар давраи ҳолати ҷангӣ, щуцуци баромадан аз Украинаро надоштанд. Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ҳангоми сафарбарӣ дар кишвар ҷиноят ҳисобида мешавад, ки то панҷ соли зиндон ҷазо дорад.
Лентаи хабарҳо
0