https://sputnik.tj/20251110/pushilin-ukraina-holati-buhroni-nazdik-1072820464.html
Пушилин: Вазъ дар Украина ба ҳолати бӯҳронӣ наздик аст
Пушилин: Вазъ дар Украина ба ҳолати бӯҳронӣ наздик аст
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Ҷумҳурии мардумии Донетск гуфт, ки Украина бинобар мушкилоти энергетикӣ дар як ҳолати бӯҳронӣ қарор гирифтааст
2025-11-10T20:21+0500
2025-11-10T20:21+0500
2025-11-10T20:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
амалиёти вижа
украина
энергетика
вазъ
бӯҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0a/1072821854_0:260:3069:1986_1920x0_80_0_0_31eed611c800df4dee152590f53bde4f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя - Sputnik. Денис Пушилин, раҳбари Ҷумҳурии мардумии Донетск (ҶМД), изҳор дошт, ки вазъ дар Украина бинобар мушкилоти энергетикӣ ба як ҳолати бӯҳронӣ наздик шудааст."Сарфи назар аз он, ки вазъ дар боқимондаи Украина ба бӯҳрон наздик аст, бо назардошти вазъи энергетикӣ, душман то ҳол талош доранд, ки барои сокинони Донбасс нороҳатиҳо эҷод кунад. Дар айни замон, мо мебинем, ки артиши Русия кори душвори худро анҷом медиҳанд", - гуфт Пушилин дар шабакаи телевизионии "Россия 24".Нашрияи украинии "Экономична правда" қаблан бо истинод ба сухангӯи ҳукумат хабар дода буд, ки Украина дар рӯзҳои охир 1 гигаватт истеҳсоли нерӯи барқро аз даст додааст ва қатъи барқ метавонад беш аз 12 соат давом дар ин кишвар давом кунад.Амалиёти вижа дар УкраинаРусия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20251110/shikast-gharb-hamlai-javobi-artishi-rusiya-1072810920.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0a/1072821854_255:0:2986:2048_1920x0_80_0_0_606b9aff70a0d8b4974a2cd659da8211.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, бӯҳрон, жнергетика, мушкилот, ҷмд, пушилин
русия, украина, амалиёти вижа, бӯҳрон, жнергетика, мушкилот, ҷмд, пушилин
Пушилин: Вазъ дар Украина ба ҳолати бӯҳронӣ наздик аст
Роҳбари Ҷумҳурии мардумии Донетск гуфт, ки Украина бинобар мушкилоти энергетикӣ дар як ҳолати бӯҳронӣ қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 10 ноя - Sputnik. Денис Пушилин, раҳбари Ҷумҳурии мардумии Донетск (ҶМД), изҳор дошт, ки вазъ дар Украина бинобар мушкилоти энергетикӣ ба як ҳолати бӯҳронӣ наздик шудааст.
"Сарфи назар аз он, ки вазъ дар боқимондаи Украина ба бӯҳрон наздик аст, бо назардошти вазъи энергетикӣ, душман то ҳол талош доранд, ки барои сокинони Донбасс нороҳатиҳо эҷод кунад. Дар айни замон, мо мебинем, ки артиши Русия кори душвори худро анҷом медиҳанд", - гуфт Пушилин дар шабакаи телевизионии "Россия 24".
Нашрияи украинии "Экономична правда" қаблан бо истинод ба сухангӯи ҳукумат хабар дода буд, ки Украина дар рӯзҳои охир 1 гигаватт истеҳсоли нерӯи барқро аз даст додааст ва қатъи барқ метавонад беш аз 12 соат давом дар ин кишвар давом кунад.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.