Ҳиндустон ва ИИАО нақша доранд тиҷорати озодро ба роҳ монанд

© Sputnik / РИА НовостиФлаг Республики Индия.
Флаг Республики Индия. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2025
Обуна шудан
Вазири тиҷорати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё итминон дорад, ки ин қарор минбаъд ба кушодани имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Вазири тиҷорати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Русия Винай Кумар мулоқот кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод.
"Ҷонибҳо масоили амиқсозии ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Ҳиндустон, аз ҷумла кор дар бораи созишномаи тиҷорати озодро баррасӣ карданд", - гуфта мешавад дар хабарнома.
Тавре ки вазир Слепнев қайд кард, робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Иттиҳод ва Ню Деҳлӣ мустаҳкам боқӣ мемонанд ва аз байн бурдани тарифҳо дар тиҷорати мутақобила минбаъд низ ба кушодани имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Маълум аст, ки айни замон омодагии фаъол барои даври аввали музокирот оид ба созишномаи тиҷоратӣ идома дорад.
Монумент Ворота Индии в Нью-Дели. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2025
Ҳиндустон ва ИИАО ба музокирот дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ суръат мебахшад
Ҳиндустон яке аз самтҳои асосии таваҷҷӯҳи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) мебошад.
Қарор дар бораи оғози музокирот бо Ҳиндустон дар бораи созишномаи тиҷорати озод аз ҷониби Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё соли 2016 қабул шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0