Дар Тоҷикистон дар 4 ҳазор гектар пиёзи барвақтӣ кишт шуд: харидорон киҳоянд

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаСбор урожая лука
Сбор урожая лука - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2025
Обуна шудан
Бояд гуфт, ки Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз харидорони асосии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла пиёз мебошад
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон дар беш аз 4 ҳазор гектар кишти пиёзи барвақтӣ гузаронидаанд, гузориш медиҳад Вазорати кишоварзӣ.
Дар умум, то моҳи ноябр деҳқонони кишвар дар 43 872 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироат гузаронидаанд.
Аз ин миқдор пиёзи барвақтӣ 4, 4 ҳаз. гектарро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон ба Русия давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ 13,6 тонна пиёз содирот кардааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз моҳи январ то июли соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия 29,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст.
Ярмарка в честь праздника Мехргон в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2025
Аз ангур то пиёз: Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд ба Русия
Маҳсулоти содиротшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳазор тонна ё аз ҷиҳати ҳаҷм 2,6 баробар ва арзиши гумрукӣ 8,5 млн доллар ё 73% зиёд мебошад.

Аз Тоҷикистон ба Русия асосан сабзавоти тару тоза, мева, меваи хушк, ангур, асал, чормағз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда мешавад.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот:
14,6 тонна (аз ҷумла 13,6 тонна пиёз),
меваҷот 8,3 ҳазор тонна (аз ҷумла 642 тонна ангур),
меваи хушк 6,2 ҳазор тонна ва чормағз 229 тоннаро ташкил медиҳад.
Кишти тирамоҳии пиёзро даҳаи дуюми моҳи сентябр гузаронида, аввали фасли баҳор барои ҷамъоварӣ омода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0