Рушди 44 дарсадии содироти Эрон ба Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкКонтейнерные перевозки грузов. Иллюстративные фото
Контейнерные перевозки грузов. Иллюстративные фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2025
Обуна шудан
Мақомдорони эронӣ мегӯянд, ки Тоҷикистон бо беш аз 10 миллион нафари ҷамъият, яке аз бозорҳои аслии Эрон дар бахш содирот аст
ДУШАНБЕ, 7 ноя - Sputnik. Ғафурӣ Мақдам, муовини умури бозаргонии идораи кули самти Хуросони Разавӣ дар як нишаст гуфт, ки дар шаш моҳаи имсоли ҳаҷми содироти Эрон ба Тоҷикистони 178 милион доллар буд, ки аз ин мизон 157 миллион доллар аз гумрукоти Хуросони Разавӣ содир шудааст.
Вай афзуд, ки дар нимаи имсол, мизони воридоти Эрон аз Тоҷикистон ба 44 миллион доллар афзоиш ёфт, ки 26 миллион доллар яъне ҳудуди 60% аз гумрукоти Хуросони Разавӣ будааст.
Муовини умури бозаргонии идораи кули самти Хуросони Разавӣ изҳор кард, ки соли гузаштаи 75% аз саҳми содироти Эрон ба Тоҷикистон аз гумрукоти Хуросони Разавӣ будааст, ки муҷиби даромадзоии 98 миллион доллар барои кишвар шудааст.
Ғафурӣ Мақдам афзуд, ки ба лиҳози воридот низ аз 37 миллион доллари воридот дар соли гузашта аз Тоҷикистон, 30 миллион доллар яъне ҳудуди 80% аз гумрукоти Хуросони Разавӣ вориди кишвар шудааст.
Вай идома дод, ки Тоҷикистон бо беш аз 10 миллион нафари ҷамъият, яке аз бозорҳои аслии Эрон дар бахш содирот аст.

“Хушбахтона шоҳиди рушд ва пешрафт будаем”, - гуфт ӯ.

Вай идома дод, Эрон бо Тоҷикистон пайвандҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва иқтисодии муштарак дорад.
Вид Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2025
Ҳафтумин намоишгоҳи тавонмандиҳои содиротии Эрон дар Тоҷикистон баргузор мешавад
“Фурсати тронзитии камназирӣ ҳам аз тариқи марзи заминӣ вуҷуд дорад ва бо дар назар гирифтан ин масоил, яке аз масоиле, ки метавонад тиҷорати мо бо кишварҳои мухталифро тақвият кунад, баргузории намоишгоҳҳи тавонмандиҳои саноатти Эрон дар Тоҷикистон аст, ки битавонад бозорҳои мавҷудро ҳифз кунад. Дуюм сабади колоҳои содиротиро бузургтар кунад ва севум бозорҳои ҷадиди содиротӣ барои тавлидкунандагони мо пайдо кунад”, - қайд кард оқои Ғафурӣ.
Ба гуфта муовини умӯри бозаргонӣ ва тавсеаи тиҷорати идораи кули самти хуросони разавӣ, имрӯзаи Хуросони Разавӣ метавонад сабади содироти устонро дар Тоҷикистон ба саноеъи диҷитал, хутути тавлид, дониши фаннӣ ва хадамоти муҳандисии ҳам густариш диҳад.
Лентаи хабарҳо
0