Имкон дорад дар Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои ИИАО интиқоли пул коҳиш ёбад

© Sputnik Денежные купюры и смартфон, архивное фото
Денежные купюры и смартфон, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2025
Обуна шудан
Бунёди Авруосиёии субот ва Рушд ахиран хабар додааст, ки имкон дорад дар Тоҷикистон ва Қирғизистон талаботи беруна ва интиқоли пул коҳиш ёбад
ДУШАНБЕ, 6 ноя - Sputnik. Таҳлилгарони Бунёди Авруосиёии субот ва рушд пешгӯии асосии худро барои рушди иқтисодии миёнамуддат барои кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Тоҷикистон бознигарӣ кардааст.
Мутахассисони ин Бунёд қайд мекунанд, дар ҳоле ки кишварҳои ИИАО тадриҷан ба сӯи рушди мутавозин ҳаракат мекунад, дар як қатор кишварҳои узв дар муддати наздик аз барафрӯхтаии иқтисодӣ мушоҳида хоҳад шуд .
Ба гуфтаи ин Бунёд ин ҳолат боиси фишори доимии таваррум ва осебпазирии афзоянда ба омилҳои бозор мегардад.
"Дар айни замон, мо интизорем, ки сиёсати молиявӣ ва пулӣ дар аксари кишварҳо ба нигоҳ доштани тавозуни макроиқтисодӣ нигаронида хоҳад шуд", - гузориш медиҳанд муаллифон.
Тағйирёбии тавозуни хатарҳо пеш аз ҳама бо сардшавии иқтисоди Русия алоқаманд аст.
Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2025
Бунёди АвруОсиёии суботу рушд аз пешрафти иқтисодӣ се кивари ИИАО хабар дод
Дар як қатор кишварҳо, бахусус Арманистон ва Беларус, тибқи иттилои ин Бунёд ин метавонад ба сустшавии назарраси талаботи беруна ва сустшавӣ ё ҳатто коҳиши ҷараёни сармоягузорӣ ва сайёҳӣ оварда расонад.
Дар дигар иқтисодиётҳо - Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон - дар баробари коҳиши эҳтимолии талаботи беруна, коҳиши назарраси интиқоли пул имконпазир аст, хусусан бо назардошти сустшавии пешбинишудаи рубл.
"Хавф умуми ин паст шудани нархи молҳо асосии содиротӣ дар сурати коҳиш ёфтани талаботи ҷаҳонӣ мебошад. Ғайр аз ин, хатари афзоиши фишори таваррум дар як қатор кишварҳо бо сабаби барафрӯхтагии иқтисодӣ мавҷуд аст.
Қайд карда шудааст, ки бо вуҷуди хатарҳои идомаёбанда ва осебпазирии иқтисодиёт аз зарбаҳои беруна, матахассисон Бунёд интизори рушди номутавозинии ҷиддӣ нестанд, ки метавонад ба суботи макроиқтисодӣ ва молиявии кишварҳои минтақа таҳдид кунад.
Лентаи хабарҳо
0