https://sputnik.tj/20251106/taqviyati-hamkoriho-tojikiston-chin-holathoi-favquloda-1072725504.html
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода
Sputnik Тоҷикистон
Дар Чин масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Душанбеву Пекин дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баррасӣ шуд
2025-11-06T18:04+0500
2025-11-06T18:04+0500
2025-11-06T18:04+0500
дар тоҷикистон
чин
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
созишнома
имзои санад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/06/1072724009_131:204:1202:806_1920x0_80_0_0_327ed285b84913a9cea4d90e56f47fa7.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя - Sputnik. Дар ҳошияи вазирони ҳолатҳои фавқулода оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода, ки дар доираи ҳамкориҳои механизми “Як камарбанд — як роҳ” дар шаҳри Саняи Чин миёни Душанбе Пекин созишномаҳи ҳамкорӣ ба имзо расид.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.Санади мазкур баъд аз мулоқот Раиси Кумита Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳамтои чинии ӯ Ван Сян Сӣ ба имзо расидааст.“Дар анҷоми вохӯрӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Чин Созишномаи байниидоравии ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи муҳими таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода хоҳад шуд”, - қайд кардааст КҲФ.Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мавриди баррасӣ гардиданд.Манбаъ ёдовар шудааст, ки ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар ҷаласаи вазирони ҳолатҳои фавқулода оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода, ки дар доираи ҳамкориҳои механизми “Як камарбанд — як роҳ” дар шаҳри Саняи Чин баргузор гардид, иштирок дорад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/43695
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/06/1072724009_216:183:1097:844_1920x0_80_0_0_879a21ba59322f6e283ea6adf8710bd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, равобит, кҳф, санадж, имзо
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, равобит, кҳф, санадж, имзо
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода
Дар Чин масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Душанбеву Пекин дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 6 ноя - Sputnik. Дар ҳошияи вазирони ҳолатҳои фавқулода оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода, ки дар доираи ҳамкориҳои механизми “Як камарбанд — як роҳ” дар шаҳри Саняи Чин миёни Душанбе Пекин созишномаҳи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.
Санади мазкур баъд аз мулоқот Раиси Кумита Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳамтои чинии ӯ Ван Сян Сӣ ба имзо расидааст.
“Дар анҷоми вохӯрӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Чин Созишномаи байниидоравии ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи муҳими таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода хоҳад шуд”, - қайд кардааст КҲФ.
Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мавриди баррасӣ гардиданд.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар ҷаласаи вазирони ҳолатҳои фавқулода оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода, ки дар доираи ҳамкориҳои механизми “Як камарбанд — як роҳ” дар шаҳри Саняи Чин баргузор гардид, иштирок дорад.