"Талафот зиёд аст." Расонаҳо аз вазъи фалокатбори артиши Украина хабар медиҳанд

© AP / Kostiantyn LiberovСпецоперация России по защите Донбасса
Спецоперация России по защите Донбасса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2025
Обуна шудан
Нашрияи Military Watch Magazine навиштааст, ки сатҳи баланди талафот дар Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба афзоиши фирор аз артиш мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 6 ноя - Sputnik. Маҷаллаи Military Watch менависад, ки сатҳи баланди фавт дар қисмҳои низомии Украина ба афзоиши фирор аз артиши ин кишвар мусоидат мекунад.
Нашрия қайд мекунад, ки "Сабаби асосии фирор ва норасоии сарбоз талафоти бениҳоят зиёд дар артиш аст, ки дар қисмҳои низомӣ ба 80-90% расидааст".
Дар охири моҳи октябр, нашрияи украинии "Слово и Дело" бо истинод ба маълумоти Додситонии кулл, хабар дод, ки моҳи сентябр дар Украина бештар аз ҳама фирор аз артиш ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин моҳ қариб 17,200 парванда нисбати сарбозоне, ки аз қисмҳои низомии худ фирор кардаанд, ба қайд гирифта шудааст.
Протестующий держит плакат с изображением президента Владимира Зеленского и главы его президентской канцелярии Андрея Ермака. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ғарб Зеленскийро дар ҷиноятҳо алайҳи Украина гунаҳкор донист
Дар моҳи сентябр, рӯзноманигори украинӣ Владимир Бойко, хабар дод, ки дар ҳашт моҳи аввали соли 2025 аз Қувваҳои Мусаллаҳи Украина қариб 143,ҳазор нафар фирор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2022 дар маҷмӯъ аз сафи артиши Украина беш аз 265 ҳазор нафар фирор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0