https://sputnik.tj/20251106/sarbozon-ukraini-mintaqai-krasnoarmeysk-taslim-1072726120.html
Сарбозони украинӣ дар минтақаи Красноармейск таслим шуданд
Сарбозони украинӣ дар минтақаи Красноармейск таслим шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия мегӯяд, сарбозони украинӣ, ки дар муҳосира ҳастанд, вазъи душвор доранд ва онҳо ба ҷуз таслим шудан роҳи дигари зинда мондан надоранд
2025-11-06T17:09+0500
2025-11-06T17:09+0500
2025-11-06T17:09+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёти вижа
украина
таслим
сарбозон
асорат
вазорати дифои русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/14/1070227006_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d92f9c3134d8d1cc1ee59e12d701d041.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя - Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, ки сарбозони як бригадаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина, ки дар Красноармейск дар муҳосира буданд, таслим шуданд.Қайд карда шуд, ки сарбозони украинӣ ихтиёран таслим шуданд, зеро фармондеҳиашон аз онҳо даст кашида фирор кардааст.Ин сарбозон дигар наметавонистанд зери оташи тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин бимонанд."дар гирду атроф Сарбозони 300 ва 200-ум хобидаанд. Ҷое барои рафтан нест. Ҳафт рӯз бе ғизо будем. Об, хӯрок нест. Тиру аслиҳа нест. Дар таҳхонаҳо, дар блиндажҳо хобидем. Мо дар ҳар ҷое, ки метавонистем, пинҳон шудем. Ҷое барои рафтан набуд”, - гуфт сарбози асирафтода Геннадий Чернадчук.Ба гуфтаи вазорат, сарбозони Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина аз чор то ҳафт рӯз гурусна монданд ва ҳар чизеро, ки дар таҳхонаҳо пайдо мекарданд, мехӯрданд, зеро ҳатто бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба онҳо маводи ғизоӣ намерасониданд.Гузориш дода шуд, ки дар ҳоле ки як гурӯҳи ҷангиёни украинӣ тасмим гирифтанд, ки таслим шаванд, ҳамсафарони онҳо кӯшиши номуваффақ барои рахна кардани муҳосира талош карданд. Тамос бо ин гурӯҳ ҳоло қатъ шудааст.Ба гуфтаи худи маҳбусон, шумораи захмиён дар шаҳр рӯз аз рӯз меафзояд, аммо онҳо аз сабаби набудани доруворӣ наметавонанд ёрии тиббӣ гиранд.Муҳосираи Қувваҳои Мусаллаҳи УкраинаДар охири моҳи октябр гурӯҳи "Ғарб" гузаргоҳи дарёи Осколро забт карда, шаҳраки Купянскро, ки дар он тақрибан 5000 сарбози украинӣ ҷойгиранд, муҳосира кард.Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои "Марказ" муҳосираи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро дар минтақаи Красноармейск ва Димитров ба анҷом расониданд. Ҷониби Русия аз сарбозони украинӣ даъват кардааст, ки таслим шавад вагарна куллан нобуд мешаванд.
https://sputnik.tj/20251105/peskov-vao-bozdid-artishi-ukraina-muhosira-1072692861.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/14/1070227006_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_aa0a66a6d34b3c235626f054b04fe8d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, асорат, таслим, сарбозони украинӣ, вазорати дифои русия, русия
украина, амалиёти вижа, асорат, таслим, сарбозони украинӣ, вазорати дифои русия, русия
Сарбозони украинӣ дар минтақаи Красноармейск таслим шуданд
Вазорати дифои Русия мегӯяд, сарбозони украинӣ, ки дар муҳосира ҳастанд, вазъи душвор доранд ва онҳо ба ҷуз таслим шудан роҳи дигари зинда мондан надоранд
ДУШАНБЕ, 6 ноя - Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, ки сарбозони як бригадаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина, ки дар Красноармейск дар муҳосира буданд, таслим шуданд.
Қайд карда шуд, ки сарбозони украинӣ ихтиёран таслим шуданд, зеро фармондеҳиашон аз онҳо даст кашида фирор кардааст.
Ин сарбозон дигар наметавонистанд зери оташи тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин бимонанд.
"дар гирду атроф Сарбозони 300 ва 200-ум хобидаанд. Ҷое барои рафтан нест. Ҳафт рӯз бе ғизо будем. Об, хӯрок нест. Тиру аслиҳа нест. Дар таҳхонаҳо, дар блиндажҳо хобидем. Мо дар ҳар ҷое, ки метавонистем, пинҳон шудем. Ҷое барои рафтан набуд”, - гуфт сарбози асирафтода Геннадий Чернадчук.
Ба гуфтаи вазорат, сарбозони Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина аз чор то ҳафт рӯз гурусна монданд ва ҳар чизеро, ки дар таҳхонаҳо пайдо мекарданд, мехӯрданд, зеро ҳатто бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба онҳо маводи ғизоӣ намерасониданд.
Гузориш дода шуд, ки дар ҳоле ки як гурӯҳи ҷангиёни украинӣ тасмим гирифтанд, ки таслим шаванд, ҳамсафарони онҳо кӯшиши номуваффақ барои рахна кардани муҳосира талош карданд. Тамос бо ин гурӯҳ ҳоло қатъ шудааст.
Ба гуфтаи худи маҳбусон, шумораи захмиён дар шаҳр рӯз аз рӯз меафзояд, аммо онҳо аз сабаби набудани доруворӣ наметавонанд ёрии тиббӣ гиранд.
Муҳосираи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина
Дар охири моҳи октябр гурӯҳи "Ғарб" гузаргоҳи дарёи Осколро забт карда, шаҳраки Купянскро, ки дар он тақрибан 5000 сарбози украинӣ ҷойгиранд, муҳосира кард.
Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои "Марказ" муҳосираи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро дар минтақаи Красноармейск ва Димитров ба анҷом расониданд. Ҷониби Русия аз сарбозони украинӣ даъват кардааст, ки таслим шавад вагарна куллан нобуд мешаванд.